Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Мизоҷи тӯтиёи кирмонӣ ба қавли Ҷолинус дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум хушк аст ва шустааш сардтар дар мизоҷ мебошад. Мизоҷи тӯтиёи ҳиндӣ гарм ва хушк дар дараҷаи чорум мебошад.
Хислатҳои шифобахши тӯтиёи кирмонӣ: ин аз беҳтарин давоҳои чашм аст. Агар инро чун сурма ба чашм кашанд, рӯҳи чашмро қавӣ мегардонад ва саломатии чашмро нигоҳ медорад, инчунин намегузорад, ки моддаҳои зарарнок аз боло ба чашм фуруд оянд. Пӯшиданаш барои решҳои чашм, бинӣ, закар, зери ноф, мақъад, саратони решташта ва захмҳои дигар узвҳо дору мешавад; захм, ҷароҳат ва решҳои хӯрандаро сиҳат мегардонад; ба зери бағал бимоланд бӯи бади он ҷоро дафъ мекунад. Агар инро бо равғани гулисурх хамир карда бимоланд, захмҳои асабро шифо мебахшад; агар бихӯранд, хун кай карданро манъ мекунад, меъдаи сустро ба ислоҳ меоварад. Хӯрдани ин захмҳои ботиниро шифо мебахшад ва барои захмҳои зоҳирӣ гузошта банданд, онҳоро ба ибро меоварад.
Пахта ё матои нафисро ба тӯтиёи кирмонӣ олонда, ба сӯрохи закар гузаронанд, захми роҳи пешобро, ки сӯзок ном дорад, сиҳат мекунад. Агар инро занҳо аз таг бардоранд, рутубати беҷо равонро аз бачадон қатъ мегардонад.
Вале хӯрдани тӯтиёи кирмонӣ дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо мекунад. Ин хосияти бади он бо воситаи асал хӯрдан ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тӯтиёи кирмонӣ то 2,25 грамм аст.
Хислатҳои тӯтиёи ҳиндӣ: ин захр аст, бинобар ҳамин инро ба дарун истеъмол намекунанд.
- Даҳанифаранг
Ин чизи маълум аст, ки ба русӣ медный купорос меноманд. Рангаш сабзи тира.
Мизоҷаш дар дараҷаи чорум гарм ва хушк аст. Ҳамаи давоҳо, ки мизоҷи дараҷаи чорум дошта бошанд, аз ҷумла даҳанифаранг ҳам хислати захрнокӣ доранд. Бинобар ҳамин инро ба дарун банудрат истеъмол мекунанд.
Хислатҳои шифобахши он: 1,75 грамми онро кӯфта бихӯранд, захрхӯрдагонро аз марг наҷот медиҳад. Ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор