Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Барои нигоҳ доштани тандурустӣ лозим аст, ки ба ғайр аз ҳангоми гурусна шудан ва ташна мондан чизе нахӯрад ва нанӯшад. Хӯрокро ба ҳадди серӣ набояд хӯрд, ки пурхӯрӣ оқибатҳои бадро ба зуҳур меоварад. Инчунин дар вақти серӣ таом ба ҳеҷ ҳолат набояд хӯрд ва об нашояд нӯшид. Ҳамчунин баъд аз риёзат ва ҳаракатҳои шадиду бисёр, вақте гармии зиёда бар мизоҷ бошад, таоми бисёр хӯрдан ва нӯшокӣ истеъмол кардан ба як дафъа ҷоиз нест, балки таомро кам-кам бояд хӯрд ва обинаро ҷуръа-ҷуръа бояд нӯшид, хусусан таоми гаронҳазм ва ё ғайриоддӣ, бисёр гарм ва ё бисёр сардро набояд ошомид.
Пас, ҳар касе, ки саломатии пойдори худро мехоста бошад, дар вақти таом хӯрдан каме аз иштиҳо боқӣ монад, аз таом даст кашад. Ин риоя барои меъда ва бадани инсон, закои ақл сабуктар аст. Касе агар хоҳад, ки бардам, солим ва баданаш сабук бошад, бояд ки тарафи шаб таомро камтар бихӯрад. Аммо пиронро таоми шабона нахӯрдан хусусан, ки гурусна хобанд, бисёр зарарнок аст. Зеро ки қуввати аз гуруснагӣ барҳамхӯрдаи ононро барқарор кардан бо ҳеҷ тадбир мумкин нест. Табибони ҳозиқ ба Маъмун хитоб карданд: «Бихӯр ғизои сард дар тобистон ва таоми гарм дар зимистон, вале дар ду фасли дигар, ки баҳор ва тирамоҳ мебошанд, таоми мӯътадил бихӯр ба қадри бардошти қувват ва хоҳиши худ. Ибтидо кун ба таоми сабуктарин; ғизоҳоеро, ки мехӯрӣ, онро ба миқдори одатӣ, мувофиқи тоқат ва нишоти бадани худ бихӯр. Бипарҳез аз он, ки бо ҳам — якҷо хӯрдани тухми мурғ ва моҳӣ дар як вақт, зеро ки ин амр пайдокунандаи никрис (подагра), кулинҷ (колит), бавосир (геморрей) ва дарди дандонҳои курсӣ мебошад; шир бо шароб якҷо набояд нӯшид, ки иллатҳои никрис ва песро ба амал меоварад. Тухми мурғро бардавом бихӯрӣ, дар рухсораҳо доғҳои кунҷидакро ба амал меоварад, дар сар ва меъда бод пайдо мекунад. Тухми мурғро дар об ҷӯшонида, ба ҳадди пурӣ бихӯрӣ, ба дамкӯтаҳӣ ва тангии нафас гирифтор мекунад. Чизҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё