Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

шӯр, гӯштҳои хушк, моҳии намакинро баъди хун гирондан бихӯрӣ, ба доғи сафеди пӯст ва кӯтур мубтало хоҳӣ гашт. Гурдаи гӯсфандро бихӯрӣ, хичакро дағал мегардонад. Гӯшти хомро бихӯрӣ, боиси пайдо шудани кирм дар шикам мебошад. Бисёр хӯрдани гӯшти ҳайвони ваҳшӣ ва гов, ақлро заиф, фаҳмро кӯтоҳ, зеҳнро кунд ва фаромӯшхотир мекунад, инчунин шапуш дар бадан пайдо мешавад. Оби хунукро аз болои таоми гарм бо ширинӣ бихӯрӣ, ба дандонҳо зарар дорад ва боиси афтодани онҳо мегардад.

Ҳангоми дам кашидани хӯроки латиф (суюк) зарфи таомро рост ва дар баробари рӯи худ бояд бардошт, на он ки вай ба як тараф моил бошад. Лукмаро кам-кам ва неку хонда бояд хӯрд. Муддати хӯрок хӯрдан набояд кашол ёбад, яъне таоми нав ба болои хӯроки хӯрдашуда, ки ҳанӯз ҳазм наафта бошад, тановул набояд кард. Модоме ки меъда ва сина аз таом вазнин шуда бошад ва оруғ ояд, таом набояд тановул шавад. Хуллас, вақти қатъӣ барои хӯрдани таом маҳдуд нест. Зеро ки тарзи талаби бадани шахсони гарммизоҷ, сардмизоҷ, кӯдакон, пирон ва камқувватон гуногун мебошад. Аммо аз хӯрдани нони гарм ва ошомидани оби хунук ба як дафъа аз болои нони гарм худдорӣ бояд кард. Зеро ки вай дар меъда бадбӯ мегардад, ба дандонҳо зарар мерасонад. Таоми сабуки ширин аз болои ғизои вазнин набояд хӯрда шавад, масалан: харбузаву гӯшт. Ҳамчунин аз болои ғизои дар ҷигар хуб ҳазмъёбанда ғизои вазнини бадҳазм ва ширинӣ набояд хӯрд. Зеро дар вақти ҳазм кардани таоми ба ин дараҷа мураккаб ба ҷигар футур мерасад ва боиси пайдо шудани ҳар гуна бемориҳо мегардад.
Ҳамчунин ду таоми гарммизоҷ ë ҳар ду сардмизоҷ, ё ҳар ду часпак, ё ҳар ду боднок, ё ҳар ду кабзнятовар, ё ҳар ду ғафсу бадҳазм, ё ҳар ду сустиновар бошанд, якҷо ва якбора набояд хӯрда шаванд. Аз хӯрдани сирко ба болои биринҷ, аз ҷӯғрот бо турб ë баъд аз турб, аз гӯшти мурғ бо ҷӯғрот ва моҳӣ, аз шир бо гӯшти мурғ, аз шир бо моҳӣ, аз анор бо хариса, аз ангур бо каллаи гӯсфанд ё буз, аз сирко бо наск ë бо мош, аз харбуза бо асал, мавизи ангур бо асал, аз оби гарм баъд аз таоми шӯр, аз оби сард баъд аз меваи тар, аз таоми гарм баъд аз ширин, аз ҷимоъ баъд аз хоб, аз оби сард баъд аз ҳаммом ва ҷимоъ, аз пушти ҳаммом кардан кор ва ҳаракатҳои сахт ва бисёр, аз ҷангоми

пешина
аз 702
навбатӣ