Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

нуқсони дигар овардан гирифта мешаванд ҳамон вақте, ки гулӯяшонро бибурранд, беҳтар аст. Аз ҷумла хуни бузи ҷавони фарбеҳи беайбу нуқсони чорсола аст, ки бинобар шиддати таъсир доштанаш бигиранд. Он чунин аст, ки ҳангоми ранг гирифтани ангур, ки аввали тобистон аст, онро бикушанд. Хуни аввал ва охир баромадан онро бигузоранд, ки бирезад ва хуни миёнаашро дар дег ё зарфи сангӣ, ё сафолӣ бигиранд ва то шах шуданаш бигузоранд. Баъд реза-реза карда, ба матои карбоси пок паҳн намоянд ва матои нафисеро барои нигоҳ доштан аз гарду ғубор бар он бипӯшанду дар офтоб хушк кунанд. Вақти ҳоҷат 4,5 грамми онро бо оби карафси кӯҳӣ ё бо шароб ва монандӣ он бинӯшанд.

Дастури нигоҳ доштани заҳраи ҳайвонот, ки дар ҳолати навиаш бимонад, бояд ҷои аз ҷигар буридашудаи онро аз банд бо ришта маҳкам баста, дар шишае, ки дар он асал миқдоре бошад, ки онро бипӯшонад, андохта, нигоҳ доранд. Лекин ин тавр кардан дар ҷое лозим аст, ки дар ҳавои маҳал гармӣ ва рутубат бисёр бошад. Агар ҳамин тавр накунанд, қуввати он барҳам мехӯрад.

Дастури нигоҳ доштани чарбӣ ва мағзи устухони ҳайвонот он тавр аст, ки бӯи бад нагиранд. Барои ин бояд чанд рӯз онро дар асал бияндозанд. Баъд аз он шуста, хушк карда, дар латтаи зағирпоягӣ печонида, дар ҷои соя биёвезанд ва ҳар гоҳ дар зарфи қалай ҷой диҳанд, вайрон намешавад.

Дастури муҳофазати дигар давоҳо чунин аст, ки баъзеро бо ҳам якҷо намоянд, то ки боиси бақои қуввати он бошад, масалан, кофурро бо мурч, резаҳои оҳанро бо оҳанрабо, тухми мурғро бо намак, созаҷро бо занҷабил. Аммо ягон маъданро бо ғайри ҷинси он набояд ҳамроҳ намуд.

Усора ва шилмҳоро дар зарфи қалай ва нуқра нигоҳ бояд дошт. Арақ ва обҳои гармро баъди хунук шудан дар шиша ҷо диҳанд ё дар зарфи шишаандуд бияндозанд; арақи гул дар зарфи мис беҳтар нигоҳ дошта мешавад; арақи қаранфул дар зарфи шиша, анбар дар зарфи сурбӣ (кӯрғошимин) хуб меистад.

Ҳамаи барг, реша ва гулҳоро аз ҷойҳои намнок ва офтоби тез дур бояд дошт. Зарфи қалай барои равғанҳо ва аксари давоҳои содда ва мураккаб беҳтар мешавад нигоҳ доранд.

пешина
аз 702
навбатӣ