Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ба он, ки ҳаво тира, нам, тар ва сард бошад, беҳтар аст. Агар он боронхӯрда ва аз берунаш тар бошад, қувваташ заиф мегардад. Давоҳои саҳроӣ аз бӯстонӣ қавитар мебошанд. Зеро ҳаҷм ва зичии онҳо дар он ҳолат камтар мегарданд ва давоҳои кӯҳистонӣ нисбат ба даштиву саҳроӣ қавитар мебошанд. Аз гул ва шукуфаҳо он чӣ болидатар ва хушбӯйтарро боҳӣ бичинанд, ки пажмурда нашуда бошанд, беҳтар аст аз мухолифи он ва гулисурхро пеш аз батамом шукуфта гаштан бичинанд, хоҳ бӯстонӣ бошад ва хоҳ дар ҷой дигар бирӯяд. Аз баргҳои наботот он чӣ зичтар дар ҷавҳар, хушбӯтар ва тозатар бошад, беҳтар аст. Шох ва решаҳоро қаҳӣ ва пажмурдагиашон камтар бошад, бигиранд, хубтар аст. Аз меваҳо он чӣ шодобтар (серобтар), пургӯшттар, вазнинтар бошад; ранг, таъм ва бӯи ҳар як аз инҳо, ки беҳтар, зиёда ва қавитар бошад, қувваташ зиёда аст назар ба акси он. Аммо шири шубрум (ба русӣ молочай) ҳар гоҳ нави он пайдо шавад, ба тариқи муқаррар аз он шир биситонанд, вале агар нави он ба даст нарасад, монанди дигар гиёҳҳои ширдор пӯсти навашро бишӯянду ё хушкашро дар оби гарм тар кунанду то ғафс гаштанаш дар офтоб бигузоранд. Баъд оби онро ҷудо карда, бихушконанд. Шири баласон ва дигар ширҳо дар мавзеъҳои хосашон, замони лоиқ, хуллас, дар ҳар ҷо, ки хуб ва пуркувват гарданд, биситонанд, на балки аз ҷое, ки камқувват гирифта мешавад.
Ё ки шилмҳоро ҳангоми рехтани гули дарахташон аввали рӯз пеш аз баромадани офтоб ва охири рӯз баъд аз ғуруби он бояд, ки ҳаво соф ва мӯътадил бошад, пеш аз хушк шудан ва шикаста резаву пора гаштан бигиранд, яъне худ ба худ аз дарахташон ҷудо гашта наафтанд, беҳтар аст.
Ё ки усораҳо бояд аз давоҳои сара, аз баргҳо, самар ва меваҳо, реша ва қисми заминии гиёҳҳо ва ғайраҳо гирифта шаванд. Вале набояд оби онҳоро дар оташ биҷӯшонанд, балки дар ҳаво ва офтоб бихушконанд, аз гарду ғубор, даромехта гаштани чизҳои бегонаи сахт муҳофазат намоянд, масалан, ақоқиё, оби халила, оби зирк ва ғайраҳоро. Ҳангоми истеъмол ҳам ба қоидаҳои мазкур риоя бояд кард.
Давоҳои ҳайвонӣ воҷиб аст, ки аз ҳайвоноти ҷавони
фарбеҳи комилниҳод ва солим дар фасли баҳор ё дар
аввали тобистон пеш аз лоғар, пир, заиф шудан ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё