Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

эҳтиёт хушк намоянд, аз гарду ғубор, рутубат ва ғайраҳо маҳфуз доранд. Агар қуввати он чиро, ки офтоб заиф нагардонад, дар офтоб ба камоли эҳтиёт хушконанд ҳам, раво мебошад. Агар тухми растаниҳо даркор бошад, баъди бастан, маҳкам шудани ҷирм ва ба ҳадди эътидол гаштани рутубаташ, барҳам хӯрдани даври хомӣ ва ҳангоми рӯ ба зардӣ ва пажмурдагӣ омадани баргҳояш бигиранду ҳамон тариқ дар соя хушк намоянд. Баъд, аз гарду ғубор, расидани намӣ ва гармии бисёр маҳфуз доранд.

Инро дар назар бояд дошт, ки давоҳои кӯҳӣ, регӣ ва саҳроӣ назар ба бӯстонии онҳо қавитар мебошанд. Вале давоҳои сардмизоҷ дар сарзаминҳои гарм баръакс, низ кайфияти онҳо дар аксар ҳолат башиддаттар ва қавитар мебошанд. Давоҳои мӯътадилмизоҷ дар сарзаминҳои мӯътадилҳарорат ва давоҳои тармизоҷ дар сарзаминҳои пурнам қавитар мебошанд. Он чӣ аз намудҳои шох ва пӯстлоҳҳои растаниҳоро гирифтан хоҳанд, ҳангоми ба камол расидан, пеш аз пажмурдагӣ, хушкӣ, қаҷӣ ва печидагӣ бигиранду бо ҳамон усул хушконида нигоҳ доранд. Он чӣ аз қабили решаҳо бошад, баъд аз чидани самараш ва ҳангоми рехтани баргҳояш пеш аз тамоман рехта шудан ҷудо карда бигиранд, балки беҳтар аст дар охири тирамоҳ бигиранду ҳамон тариқ бихушконанд. Агар ҳамаи қисмҳои он растанӣ даркор бошад, ҳангоми булуғ ва расидагӣ, тару тозагӣ ва бенуксон буданаш бигиранд, ҳамон тавр хушконида нигоҳ доранд. Агар самари растаниҳо манзур бошад, дар вақти пухта расиданаш пеш аз пажмурда шудан ва қабл аз дарахташ худ ба худ афтодан бигиранд, вале агар нимрас ва хоми он даркор бошад, ин таври дигар аст, ҳамон вақт бигиранд. Ва он чиро дар бутунӣваш ва бо пӯсташ лозим бошад, ҳамон тавр бихушконанд. Он чиро бепӯст ва варак кардан зарур бошад, аз пӯсташ ҷудо намуда, варақ-варақ реза карда бихушконанд. Он чиро, ки ба ресмон кашиданаш матлуб бошад, ба ресмон кашида, аз рӯи такозо дар соя ё офтоб беэҳтиёт бихушконанду аз гарду рубор, намӣ, тарӣ, вайроншавӣ, хӯрдани кирм ва ғайраҳо маҳфуз бидоранд.

Хуллас, бояд ки ҳамаи давоҳои растаниворро ҳангоми ба камол расидан, тарӣ ва пеш аз хушк, пажмурда, заиф шудан ва нуқсон овардан бигиранд ва дар ҳангоми софӣ, гармӣ ва хушкии ҳаво ҷамъ кардан назар

пешина
аз 702
навбатӣ