Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ва хислатҳои гуногуни давоҳо ба авзои ҷирмҳои осмонӣ низ вобастаанд, ки моҳият, қувват ва хосияти аксари онҳо аз онҳо дигаргунӣ меёбанд.

ФАСЛИ СЕНЗДАҲУМ.

ДАР БАЁНИ ТАРИҚИ ГИРИФТАН ВА НИГОҲ ДОШТАНИ ДАВОҲО

Бояд дар мадди назар дошт, беҳтар ва лоиқтар он аст, ки агар давоҳои пуркувват ва машҳури ҳар як ҷоро бигиранд, ки дар он ҷоҳо қавитар мешаванд ва ба мардуми маҳаллӣ машҳур мебошанд, инчунин ҳангоми ба камол расидан ва пухтанашон бояд ихтиёр намоянд. Хуллас, ба қавли устод Буқрот ҳар як беморро то клочпазир бо давои маҳаллӣ муолаҷа намоянд, беҳтар аст. Зеро ки давоҳои ҳар як мавзеъ ба бемориҳои он ҷо хубтар ва зудтар таъсир мебахшанд назар ба он, ки аз ҷоҳои дигар оварда бошанд. Агар батафсилтар бигӯем, он чӣ конӣ аз қабили сангҳо ва гилҳо бошанд, беҳтар он аст, ки аз кони машҳураш дар аввали зимистон бигиранд. Яъне дар ҳар шаҳр, ҳар мамлакат ва ҳар кон, ки беҳтар мешаванд, бигиранд, монанди: зоки сабзро аз Кибрис (Кипр), зоки сафед ё зард — аз Кирмон, лоҷвард — аз Қошғар, фирузаро аз Нишопур, лаълро аз Бадахшон, ёкутро аз Пилав ва монанди инҳоро, ки ҳар чӣ қадар рангноктар, сахттар, шаффофтар, обдортар, холистар, бузургтар, поктар бошанд ва резаву майда набуда, бо чизи дигар аз хок ва ғайра омехта набуданд, бигиранд. Низ бояд, ки ранг, таъм ва бӯи хоси он давоҳоро дошта бошанд, монанди: подзаҳр ва гилҳо, ки ин хислатҳояшон барқарор бошанд, хуб аст, ки бигиранд. Оби шишаро мегуфта бошем, дастури тайёр карданаш чунин мебошад: шишаи соф ва баробари он қалъаиро бигиранду дар гили бӯта гудохта, хунук кунанд. Он чӣ монандӣ кафк дар рӯи он бошад, бароваранд, ки оби шиша ҳамон аст. Агар он давои матлуб аз растанӣ иборат, масалан, гулбаргҳоро бошад, бояд ки дар ҳамон вақту фасли шукуфтанаш; фасли сол, замон ва вақти лоиқӣ ҳар яке, ки камоли худро ёфта бошанд, пеш аз афтодан аз дарахташ, пеш аз пажмурдагӣ ва ҳангоми мавҷуд будани ранг ва бӯяш бигиранду дар соя бо камоли

пешина
аз 702
навбатӣ