Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

бадан зарар дорад. Агар зиён кунад, арпабодиён бихӯранд, ислоҳаш медиҳад.

Миқдори як бор хӯрдан аз катиро дар як рӯз аз 3,5 то 17,5 грамм аст.

Ба ҷои ин барои часпонидани решҳо ва ғайраҳо шилми бодомҳоро бихӯранд ва барои мулоим кардани сахтиҳо ва ғафс гардонидани моддаҳо тухми қадуро истеъмол намоянд, ҷоиз аст.

Бехи ин буттаро, яъне қатодро бикӯбанд, ҳангоме ки хушк бошад, бо сирко ба доғи сафеди пӯст бимоланд, онро дафъ мекунад.

ДАВОҲОИ БЕҶОН

  1. Хок

Беҳтарини хокҳо хоки холис аст, яъне таркиби он шӯра, рег ва гӯгирд надошта бошад ва аз ҷоҳои обаш ширин бошад. Латифтарини хокҳо он аст, ки аз оби ширини равон таҳшин гашта бошад.

Мизоҷи хоки холис мутлақан сард ва хушк аст. Вале дар таркиби хок намак ва гӯгирд бошанд, хоки обҳои талх, инчунин хоки оби баҳрҳои шӯр ва уқёнусҳо албатта дар мизоҷ гарм ва хушканд.

Хислатҳои шифобахши он: ҳамаи навъҳои хокро бихӯранд, бимоланд ва гузошта банданд, қабз, хушк ва поккунандаи пӯст аст; банд ва манъкунандаи исҳол, таҳлилдиҳандаи варамҳо, таскиндиҳандаи тафс ва гармии мақъад; агар узвҳо аз бисёрии савор ва ҳаракатҳои бисёр ва шадид сусту нотавон гашта бошанд, қувват мебахшад.

Хоки холисро бихӯранд, барои иллати сил, хун кай кардан ва харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо дармон мешавад, заҳрҳои ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад.

Ин хоки холисро дар об ҳал карда, бо он хукна кунанд, харошида шудани даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад. Ва агар онро лой карда бимоланд, заҳри афъиро дафъ мекунад ва газидани саги девонаро шифо мебахшад. Хокро бо сирко ва равғани гулисурх хамир сохта бимоланд, варами гармро таҳлил медиҳад.

пешина
аз 702
навбатӣ