Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

мавҷуданд. Баъзеҳо гарм ва хушк донистаанд, баъзеҳо сард ва тар мегӯянд. Вале Абӯалӣ ибни Сино дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум хушк бо ҷавҳари ҳавоӣ, обӣ, хокии латиф гуфтааст.

Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, балғаму савдову сафрои ба ҳам омехтаро бо исҳол дафъ мекунад, ахлоти ғафсро рақиқ (суюқ) мегардонад, моддаҳои ғализи часпакро меканад, бодҳои ғализ ва варамҳои сахтро таҳлил медиҳад; кулинҷро ҳар навъ, ки бошад, мекушояд; гиреҳҳои баданро, хусусан гиреҳи ҷигар ва гурдаро мекушояд, давоҳои исҳолеварро ба ҷоҳои дури бадан мерасонад; моддаҳоро аз ҷоҳои дур ва чуқури бадан мекашад, пешоб ва ҳайзро равон мекунад; чарбии мушақҳо, заҳрҳои ҷонварони газида ва ошомидашуда ва давоҳои заҳрнокро аз бадан дафъ мекунад; асаб, дил ва майнаро бағоят қавӣ мегардонад, фавран фараҳ мебахшад, ахлоти мурдорро ба ислоҳ меоварад, табҳои балғамиро шифо мебахшад ва дар ин хислатҳо бе ҳеҷ гуна зарар ва некоқибат мебошад.

Ошомидани он барои дарди сари аз сардӣ ва аз зиёд шудани балғам суратгирифта, ки кӯҳна шуда бошад ва барои дарди нимсар даво мебошад. Агар инро бо ҳалилайи кобулӣ бихӯранд, бухорҳои дар бадан пайдошударо нест мекунад ва агар бо решаи чукрӣ (ревоч) бихӯранд, назлаҳоро манъ мегардонад.

Агар инро дар майи пухтагӣ ҷӯшонида, бо он моеъ ғарғара кунанд, варами ҳалқ ва мушакҳои онро таҳлил медиҳад, дандон ва милки онро мустаҳкам мегардонад; агар бо ин моеъ нимгарм ҳуқна кунанд, назлаи вабоиро ба ибро меоварад.

1,75 грамми инро бо об бихӯранд, хун кай кардан ва хунравиро аз узвҳои дарунии сина манъ мекунад; 3,5 граммашро бо арпабодиён биёшоманд, дамкӯтаҳӣ ва ростнафасро шифо мебахшад; ҳамин миқдори онро бо кивоми оби решаи ширинбия бихӯранд, дарди узвҳои дарунии сина, сурфаи кӯҳнаи сарди балғамӣ, зиқун-нафас (тангии нафас) ва душвории онро шифо мебахшад; бо шароби мусаллас бихӯранд, захми шушро дафъ мекунад.

Аз 3,5 то 4,5 грамми онро бо решаи ревоҷ (чукрӣ) бихӯранд, бемориҳои ҷигар, меъда ва турш шудани таомро дар меъда даво мешавад; ин миқдорро бо сиканҷабин (сиркоасал) биёшоманд, барои зардпарвини аз гиреҳҳои маҷроҳои моддаҳо суратгирифта бошад ва

пешина
аз 702
навбатӣ