Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

гарм хамир карда гузошта банданд, гудҳаҳо ва варами сардро таҳлил медиҳад.

Сиркоро бар санги гарм рехта, мавзеъро ба бухораш бидоранд, бавосирро даво мебошад.

Хӯрдани сирко ба пирони савдовимизоҷ ва одамони бемории шушдошта, монандӣ сурфаи нақ ва сурфаи хушк зарар дорад, инчунин ба одамони узвҳошон боди ғализдошта бошад, дарди буғумнок, узвҳои ботиниашон заиф, боҳашон суст ва бачадон зиён мерасонанд, низ ба асабҳо ва узвҳои асабонӣ, ба касони нав аз беморӣ хеста ва сардмизоҷон зиёнкор аст. Агар инро бардавом истеъмол кунанд, иллати истиско ва хирагии чашмро ба амал меоварад, ранги рӯйро зард мегардонад, харошида шудани рӯдаҳоро пайдо менамояд, баданро лоғар мегардонад. Барои ислоҳи ин гуна зарарҳояш шириниҳо, инчунин обгӯшт хӯрдан даркор аст, барои ислоҳи зарараш ба сурфа ширинӣ ва равғани бодоми ширин истеъмол фармоянд, барои ислоҳи зарараш ба одамони камҳарорат ва сустии асабҳо асал ва давоҳои гарммизоҷ истеъмол бояд кард; барои он, ки хароши сатҳи даруни рӯдаҳоро ҳодис накунад, луобҳо истеъмол намоянд.

Миқдори як бор хӯрдан аз сирко дар як рӯз то 32 грамм аст. Ба ҷои ин дар баъзе маворид шароб ва дар баъзе ҳолат лимӯро истеъмол намоянд, раво мебошад.

  1. Май

Майе, ки аз оби ангур тайёр карда мешаванд, асосан аз 10—12 навъ иборатанд. Барои мувофиқи табъ гаштани шароб ба даруни он чизҳои гуногун дохил мекунанд. Шароберо, ки аз як то ду сол нигоҳ дошта шуда бошад, онро майи атиқ меноманд ва синнаш ба чилсолагӣ расида бошад, шароби қадим мегӯянд. Бо ин ҳама, ки намудҳои он ба 10—12 мерасанд, аз инҳо шаробҳои дигар низ таркиб менамоянд. Дар ин ҳолат миқдори навъи май аз 600 зиёда мешавад.

Май, яъне шароб, ҳангоми нӯшидан ба ақли одамӣ болодаст меояд, яъне ошомандаашро аз ақли солим берун мекунад.

Мизоҷи шароб вобаста ба ранг, таъм, бӯй, кивом ва хислатҳояш гуногун аст. Масалан: мизоҷи шароби

пешина
аз 702
навбатӣ