Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

бармеангезад, балғамро мегудозад, сипурзро пок мегардонад, шиддати сафроро мешиканад; гиреҳи мосориқо, яъне гиреҳҳоеро, ки дар мӯрагҳои шикам пайдо шуда, бо воситаи он мӯрагҳо ғизои дар рӯдаҳо ҳазмёфта ба ҷигар кашида мешавад, мекушояд, гиреҳҳои сипурзро кушода мегардонад ва давоҳоро ба сипурз бурда мерасонад бинобар туршии таъми савдо дар сипурз аст, шифо мебахшад.

Ҳар рӯз ба дили наҳор сирко бихӯранд, кирмҳои меъдаро мекушад. Таомеро, ки бо сирко пухта шуда бошад, бихӯранд, рехта шудани моддаҳои зарарнокро ба меъда манъ мекунад.

Сиркоро гарм карда бихӯранду кай кунанд, заҳри давоҳои қотилро дафъ мекунад, хун ва шири шахшударо хориҷ месозад ё дар ҷояш мегудозад. Агар инро бо намак бихӯранд, заҳри замбӯруғҳои заҳрнок ва саги девона газидаро дафъ менамояд, хусусан сиркои ангурӣ дар ин бобат пуртаъсир аст.

Сиркоеро, ки дар он анҷир ё мавизи ангур, ё пӯсти решаи кавар як шабонарӯз тар карда шуда бошад, ба дили наҳор биёшоманд, сипурз ва истискоро таҳлил медиҳад.

Агар сиркоро бимоланд, паҳн гаштани решҳои бадфиол, сурхбод, ҷамра (карбункул) ва доначаҳои сурхи дарднокро, кӯтури решгашта, бавосир, милкаки нохун, шукуфаҳои пӯст, варами зоҳирӣ ва ботиниро манъ мекунад, инчунин намегузорад, ки ҷароҳати нав варам оварад, хориши бадан ва заҳри ҷонваронро дафъ мекунад, барои хунравӣ аз узвҳои берунӣ ва сӯхтагии оташ даво мешавад. Низ онро бимоланд, намегузорад, ки моддаҳои атрофи он ба он ҷо ҷамъ гарданд.

Агар инро бимоланд ё баррезанд, барои газидани ҷонварони заҳрнок ва манъ кардани хунравӣ аз узвҳои берунии бадан дармон мегардад.

Анҷирро, ки дар сирко пухта бошанд, гузошта банданд, сӯзиши узв ва дағалии онро ислоҳ мебахшад. Агар инро бо гӯгирди кӯфта сиришта гузошта банданд, никрис (подагра)-ро шифо мебахшад. Орди ҷавро бо сирко хамир карда гузошта банданд, варами гулӯ, пистон, инчунин варами баногӯш ва дигар варамҳои гармро таҳлил медиҳад; агар испанди кӯфтаро бо сирко сиришта гузошта банданд, караҳтӣ, қӯзоз (столбняк) ва дарди буғумҳоро дафъ мекунад. Сиркоро бо хокистари

пешина
аз 702
навбатӣ