Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

атик дар дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум хушк аст; қадими он дар саввум гарм ва хушк, турши он дар дуввум гарм ва тар; майи хушбӯй иборат аз райҳонӣ аст, яъне дар он райҳон андохта бошанд, аз ҷиҳати мизоҷ мӯътадил аст; агар шароб аз шаш моҳ то яксола бошад, дар дараҷаи дуввум гармӣ ва моил ба тарӣ; бемазаи он, ки майи қаҳва меноманд, мартубтарини онҳо мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: майи рақиқ (суюқ) ҳангоми нӯшидан зуд таъсир мекунад, гиреҳҳои баданро мекушояд; шароби ғафс дерҳазм, вале ғизо дар он бисёр аст, ба узвҳои бадан қувват мебахшад ва таъсирнок; майи сурх ва хушбӯй, ки иборат аз райҳонист, барои истеъмол беҳтар аз ҳамаи навъҳои дигари он мебошад; майи бетаъм, яъне қаҳвагиаш барои ҳамаи мизоҷҳо форам аст, лекин иштиҳоро гум мегардонад, боҳро қатъ мекунад, дарди сар меоварад; майи сафед дарунро мулоим мекунад ва заиф мебошад; шароби сиёҳ дерҳазм аст ва дар бадан моддаи савдо пайдо мекунад.

Шаробе, ки оби ангурро ҷӯшонида, баъд тайёр намуда бошанд, инро майи ҷумҳурӣ ва майи пухтагӣ меноманд, кивомаш ғафс, баданро гарм мекунад, пазонандаи моддаҳои бегонаи бадан аст, асабро қувват мебахшад ва дарди сар меоварад. Майи ширин вазнинтабъ, ҳамчун ғизо ғолиб; навъи майхуши он, яъне майи
туршу ширини он раддӣ мебошад, ҳазмро вайрон мекунад, ба асаб зарар дорад ва ошомиданаш тарсончак мегардонад. Майи талх поккунандаи дарун ва кушояндаи гиреҳҳост. Май, ки асло офтоб нахӯрда бошад ва хуми он дар барф ё дар ях нигоҳ дошта шуда
бошад, дерҳазм ва душворҳазми, бадбӯ, пайдокунандаи
гиреҳ ва ба табҳои дуру дароз гирифтор мекунад. Шароби кӯҳна ба узвҳо газанд мерасонад, сатҳи даруни
рӯдаҳоро мехарошад. Дар қивом мӯътадели он ҳоли
бади баданро ислоҳ мекунад ва агар бисёр об дошта
бошад, ба аъзои бадан сустӣ меоварад, ба иллати истиско гирифтор менамояд, қабзиятнокии он бештар
аз ҳама дарунро мебандад, узвҳои даруни синаро дағал мегардонад, меъдаро дибоғат медиҳад ва хумораш
шадид аст. Шароби хушбӯй бисёр неку, лекин дарди
сар оваранда аст. Шароби бадбӯ расонандаи азият аст,
бемориҳои кушандаро ба амал меоварад Шароби дар
офтоб расидаро мушаммас меноманд, ки ин тунд ва

пешина
аз 702
навбатӣ