Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
хуни ғафс, равонандаи пешоб, ҳайз ва арақ, бар зидди заҳрҳо ва заҳролудшавӣ таррёк аст.
Агар инро ба мизоҷ, фаслҳои сол ва миқдори эътидол риоя карда бихӯранд, саломатии мизоҷи баданро нигоҳ медорад, зарари обҳои гуногун ва ҳавои вабоиро дафъ мекунад, хусусан бо сирко бихӯранд, феълҳои номбурдааш боз ҳам қавитар мегардад, инчунин ҳалқро пок ва овозро равшан мегардонад; дамкӯтаҳӣ, зиқун-нафас (астма), фаромӯшхотирӣ, фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), қаҷ шудани рӯй, ларзак, аксари бемориҳои асабонӣ, дарди буғумҳо, ирқуннасо (радикулит), никрис (подагра), дарди сурин ва монандӣ инҳоро шифо мебахшад; ахлоти ғафсро тит ва пароканда мекунад, бемориҳои сипурзро бартараф менамояд; бодҳои тиҳигоҳ (холигоҳи паҳлу) ва кулинки бодиро, ки ин дарди дар узвҳои бадан даврзананда аст, дафъ месозад, зулуки дар ҳалқ часпидаро канда бармеоварад, ҳамаи кирмҳои меъда ва рӯдаҳоро, ҳатто кирми кадудонаро (солитёрро) ҳам хориҷ мекунад. Агар инро одамони сармизоҷ бихӯранд, қуввати боҳ (пушти камар) мебахшад, манӣ пайдо мекунад, вале агар гарммизоҷон бихӯранд, мании онҳоро хушк мегардонад, ташнагӣ меоварад.
Сирро ба шартҳои дар боло гузошташуда риоя карда бихӯранд, барои табҳои кӯҳна, захмҳои шуш ва дарди меъда даво мешавад ва ташнагиро, ки сабабаш бисёрии балғам ва гиреҳи мосориқо бошад, дафъ мегардонад. (Мосориқо мӯрағҳсе мебошанд, ки бо воситаи онҳо ғизои ҳазмёфта аз рӯдаҳо ба ҷигар кашида мешавад). Инчунин хӯрдани сир чакмезакро шифо медиҳад, ранги рухсорро неку мегардонад, ғизоҳои бадҳазморо латиф менамояд, варамҳоро таҳлил медиҳад, сангҳои гурдаро майда карда мерезонад, азияти газидани мор ва дигар ҷонваронро дафъ мекунад, барои саги девонагазида даво мешавад, шиддати захри ғун-даро мешиканад. Агар инро бо шароб биёшоманд, захри афъиро ҳам дар бадан безён менамояд. Сирро бардавом истеъмол намоянд, мӯи сафедро резонида, ба ҷояш мӯи сиёҳ мерӯёнад. Агар инро бо анҷир ва мағзи чормағз бихӯранд, аз подзахр (доруи захр) қавитар мегардад.
Сирро бо зира ва барги санавбар пухта бихӯранд, дандонро мустаҳкам мекунад; агар бо шири гӯсфанд пухта, баъд бо равғани гов бирён карда, бо асал ширин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор