Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

сиришта гузошта банданд, кӯтури тар ва хушкро аз пӯст пок мекунад, инчунин шукуфаи пӯст, доғи кунҷидак ва доғи сафеди пӯстро дафъ месозад. Агар худашро батанҳоӣ бимоланд, газидани занбӯр ва дигар ҷонваронро (аз ҷумла газидани саги девонаро) шифо мебахшад, доғҳои пӯстро пок мекунад ва гӯшти ҳаромро аз решҳо нест месозад.

Барги тари анҷирро кӯфта, ба ҷароҳатҳо гузошта зиёнаш ислоҳ меёбад ва агар тараш зиён кунад, сигузошта банданд, рехтани пӯсти баданро ба ислоҳ меоварад. Агар барги анҷирро пухта гузошта банданд, устухони зарбхӯрдаро ба ислоҳ меоварад. Барги анҷирро кӯфта, бо об чун атола таркиб дода, ба сар бимоланд, рехтани мӯйро манъ мекунад.

Усораи барги он, яъне оби барги онро дар офтоб ғафс гардонанд, мизоҷаш бисёр гарм аст пӯстро захмин мекунад. Агар инро гузошта банданд, даҳони рагҳои мақъадро мекушояд, озахҳоро хушк мекунад, холҳоро дафъ месозад.

Анҷирро бисёр бихӯранд, ба ҷигар ва меъдаи заиф зарар дорад, хусусан дар тари он ин хислат бештар аст, инчунин ба дандонҳо ҳам зиёнкор аст. Агар хушкаш зарар кунад, чормағз ва кокугӣ бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад ва агар тараш зиён кунад, сиканҷабин ва оби ревоҷ бинӯшанд, дафъи зарари он менамояд.

  1. Сир

Ин пиёзакест, ки онро соримсок низ меноманд ва ба забони русӣ чеснок мехонанд. Сир навъҳои бӯстонӣ, саҳроӣ ва кӯҳӣ дорад. Бӯстониаш низ ду қисм мебошад: якеаш бисёридандона ва дигараш фақат яклухт мебошад. Қисми саҳроияш ба қадри пиёзи кӯчак ва якдандона аст. Навъи кӯҳиаш низ яклухт аст. Беҳтарини ҳамаи ин навъи бӯстонии бисёридандонаи он аст.

Мизоҷи сир дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст. Мизоҷи саҳроияш дар дараҷаи чорум гарм ва хушк мебошад, ки истеъмоли ин ба дарун раво нест.

Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумии ин: таҳлилдиҳандаи моддаҳои ғафс ва варамҳо, поккунанда аз ахлоти носара, кушояндаи гиреҳҳо, хушккунандаи рутубатҳои нодаркори буғумҳо ва меъда, рақиқкунандаи

пешина
аз 702
навбатӣ