Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

мебошад, ҷигарро қувват медиҳад; гиреҳ ва варами сипурз, бавосир, лоғарии гурда, душвории шошидан ва чакмезакро дафъ мекунад, варам ва пучакҳоро мепазонад. Агар анҷирро бо мағзи бодом ва мағзи писта бихӯранд, барои одамони заифбадан мувофиқ аст—ҳоли бадани онҳоро ислоҳ мекунад, ақлро зиёда мегардонад, майнаро пур месозад. Ва агар бо мағзи чормағз бихӯранд, аз газанди заҳрҳои қаттол амон мемонанд. Ҳангоме ки анҷирро ба дили наҳор бихӯранд, роҳҳои ғизоро кушода мегардонад ва баданро фарбеҳ мекунад. Агар анҷирро пеш аз таом бихӯранд, дарунро мулоим менамояд. Вале баъд аз хӯрдани анҷир ҳолати ногуворе ҳис кунанд, зуд аз болояш сиканҷабин (сиркоасал) бинӯшанд, газандашро ислоҳ медиҳад.

Мизоҷи анҷири хушк дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум тар аст. Вале ин дар бобати шифобахшӣ заифтар аз тару тозаи он мебошад. Агар инро бихӯранд, ташнагӣ меоварад, ҳазмаш душвор, вале дарунро мулоим мегардонад, моддаҳои бадбӯйро ба тарафи пӯст меронад. Инак, агар инро бисёр бихӯранд, дар бадан шапуш пайдо мекунад, бо вуҷуди ин барои иллатҳои фолич, аз моддаҳои тармизоҷ ба амаломада, барои одамони сардмизоҷ, дарди пушт, чакмезак нафъ дорад. Азбаски анҷири хушк гурдаро гарм мегардонад, пас олати мардиро ба ҳаракат меоварад.

Анҷири тар ва хушкашро бихӯранд, ҳам барои саръ (припадка) ва қувват бахшидани майна дору мешавад.

Анҷири хушкро кӯфта бипошанд, реш ва захмҳои сарро хушк намуда, сиҳат мебахшад.

Дар вақти сабз будани баргҳояш шохашро бишикананд ё баргашро бикананд, шир аз он ҷо бармеояд. Ҳамин ширро бо асал даромехта, хоҳ ба чашм бимоланд ва хоҳ дар чашм чаконанд, пардаи дар он афтодаро, ки чашмро торик мекунад, дафъ менамояд; инчунин ба сӯрохи гавҳараки чашм зардоб фуромада ва дар ҳолати ибтидо бошад, онро ҳам дафъ мегардонад; агар табақаҳои чашм ғализ, яъне дағал шуда бошанд, ба ҳоли аслиашон меоварад. Оби баргашро ба чашм бичаконанд, ҷӯшишҳои хоришовари пилкҳоро сиҳат мебахшад.

Анҷирро дар об ҷӯшонида, бо он об ғарғара кунанд, варами мушакҳои забон ва қасабаи шушро таҳлил медиҳад.

пешина
аз 702
навбатӣ