Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

гарммизоҷи ҳалкро мегардонад ва таҳлил медиҳад, инчунин намегузорад, ки моддаҳои гарммизоҷи бегона аз боло ба ҳалк, забон ва дигар узвҳо рехта шаванд, ташнагиро мешиканад, иштиҳоро ба таом мекушояд. Агар бо оби самари шоҳтут ғарғара кунанд ё он обро дар даҳон гардонанд, решҳои раддӣ, ҷӯшиши даҳон ва обилаҳои он, варамҳои ҳалк, ком ва забонро дафъ мекунад. Агар ба ин оби коснӣ ва оби кашниз ҳамроҳ карда ин амалро баҷо оваранд, таъсираш қавитар мегардад.

Хӯрдани меваи шоҳтут захми рӯдаҳо, исҳолҳои гарм ва хунинро шифо мебахшад. Хусусан хушки онро бо оби кашнизи тар ва оби коснӣ бихӯранд, намегузорад, ки моддаҳои зарарнок аз ҳар ҷойҳои бадан ба меъда рехта шаванд.

Вале аз ҳад зиёд хӯрдани меваи шоҳтут ба узвҳои даруни сина, шуш ва арақ зарар дорад. Дар ин мавриди асал ва оби анор ошомидан даркор аст, ки зиёнаш ислоҳ ёбад.

  1. Анҷир

Дарахти анҷир навъҳои бӯстонӣ ва кӯҳӣ дорад. Самараш аз ҷиҳати намуд ду хел аст: зард ва сиёҳ, ки ин ба ҳама маълум аст. Навъи сиёҳи онро анҷири шомӣ мегӯянд. Агар қаламчаи шоҳи онро соате дар намакоб тар карда, баъд шинонанд, самараш ширин мегардад.

Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: самари тару тозаашро бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад, варамҳои дохилӣ ва моддаҳои ғафсгаштаро дар бадан таҳлил медиҳад, меъда ва рӯдаҳоро аз ахлоти бегона пок мекунад; барои иллатҳои саръ (припадка) ва фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ) фоида дорад; ин ҳамчун ғизо назар ба дигар меваҳо қавитар аст, зудтар аз меъда мефурояд, арақ меоварад, дарунро мулоим мекунад, ҳарорати бадан ва ташнагиро таскин медиҳад, қуввати ғазабнокиро мешиканад, ба дил салқинӣ мебахшад. Агар чил пагоҳ дар хӯрдани ин мудовамат намоянд, баданро фарбеҳ мекунад; барои иллатҳои дилтапак (дилбозӣ), дамкӯтаҳӣ, сурфа, дарди узвҳои даруни сина ва давалии қасабӣ шуш даво

пешина
аз 702
навбатӣ