Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
- Бӯймодарони дуруштбарг
Барги ин гиёҳ монандӣ барги сабзӣ, вале аз он дурушттар аст. Гулаш зард, монанди бӯймодарони маҳинбарг аст. Ин аз як бех бисёр шох, яъне пояхӯ бармеоварад ва дар сари ҳар поя яктой гул мекунад. Адади гулҳо дар як бех то 10-12 мерасад. Бӯи гулаш тез аст. Қадаш то як метр мехезад. Дар кӯҳсор ва саҳроҳои намнок мерӯяд.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: 7 грамм гули зарди ин гиёҳро кӯфта, бо асал бихӯранд, ҳамаи навъҳои кирми меъда ва рӯдаҳоро, ҳатто кирми қадудонаро ҳам мерезонад.
9 грамм гули онро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, инчунин дар обе, ки ин гиёҳ ҷӯшонида шуда бошад, то ноф даромада нишинанд, ҳайзи бандшударо мекушояд, зоиданро осон мекунад, даҳани бастаи бачадонро мекушояд ва варами ин узвро таҳлил медиҳад, санги ҳичакро майда карда мерезонад, бачаро аз шиками занони ҳомила меафтонад, вале агар ҳамроҳаки (ёраки) тифл набаромада бошад, хориҷ мекунад, инчунин захмҳои бачадонро нафъ мебахшад.
7 грамм гули онро як шабонарӯз дар об тар карда, он обро бинӯшанд, ҳамаи навъҳои табро дафъ месозад.
9 грамми онро дар об ҷӯшонида, он обро бо мудовамат биёшоманд, хусусан бемориҳои бачадонро зудтар сиҳат мебахшад. Дар рӯзҳои нӯшидани ин бояд ҳамон рӯзҳо ғизои беравған истеъмол намоянд — ин шарт аст.
Ин гиёҳро кӯфта гузошта банданд, ҳамаи навъҳои дарди сарро таскин медиҳад, гиреҳи даруни майнаро мекушояд ва ин узвро қавӣ мегардонад; варами пардаҳо ва худи майнаро, ки сабабаш ҷамъ шудани балғам дар ин узв бошад, таҳлил медиҳад ва хоби сахт ва дуру дарозро ба ислоҳ меоварад Агар кӯфтаи инро бар сина гузошта банданд, дарди узвҳои даруни синаро дафъ мекунад; ба зери шикам гузошта банданд, пешоб ва ҳайзи бандшударо мекушояд, инчунин варамҳои узвҳои дар ин мавзеи шикам бударо, яъне варамҳои ҳичак ва бачадонро таҳлил ва дардҳояшро низ таскин медиҳад.
Агар ин гиёҳро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор