Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Агар инро махин кӯфта, занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаи онҳоро аз шикам меафтонад.
Ва инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои гуногунро таҳлил медиҳад, ҷароҳати навро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.
Агар ҳар як қисми ин гиёҳро бо биҳӣ пухта, батақрор гузошта банданд, варамҳои душвор таҳлилшавандаро мегардонад.
Агар хушки инро кӯфта бипошанд, ё сӯхтаи онро гузошта банданд, рафтани хунро аз ҳамаи ҷоҳои бадан, ки бошад, манъ мекунад ва ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад; агар инро бо равғани турб даромехта гузошта банданд, баромадани ришро метезонад.
Онро дар ҳар ҷое паҳн кунанд ё сӯхта дуд гардонанд, ҷонварони зарарнок аз он ҷо мегурезанд.
Вале истеъмоли ин ба дарун ба шуш зарар дорад — давои ин зиёнаш катиро хӯрдан аст; ба меъда ҳам зарар мекунад — дар ин ҳолат асал бихӯранд, кифоя аст, ки ислоҳи зарар намояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз ин дар як рӯз то 7 грамм аст.
Ба ҷои ин талхшувок ва бобунаро истеъмол намоянд, раво мебошад.
Аз бӯймодарони махинбарг равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Барг ё гули онро ва ё ҳар дуро як миқдор гирифта, дар шаш баробар оби ширин як шабонарӯз тар мекунанд. Баъд онро то сеяки об мондан меҷӯшонанд. Охирон онро молида, аз матоъи бофташ зич гузаронида, соф карда, аз болои он об баробари миқдори об равғани кунҷиди тоза ё равғани зайтун мерезанду дар зарфе бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то об батамом бухор шаваду равған бимонад. Вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад. Аломати тамоман бухор шудани об он аст, ки равған аз ҷӯш мемонад.
Аз ин равған 4,5 грамм бихӯранд, аксари бемориҳои асабониро шифо мебахшад, ҳайзи бандгаштаро равон мекунад, бачадонро гарм мегардонад, даҳани бачадон баста бошад, — мекушояд, сахтиҳои гуногунро мулоим месозад ва ларзи табҳоро дафъ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор