Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: ба дарун истеъмол кардани он гиреҳҳои узвҳоро мекушояд, иштиҳо меоварад, ҳилти сафро, зардоб ва дигар моддаҳои талҳро, ки дар меъда шах шуда бошанд, бо воситаи пешоб хориҷ мекунад; рагҳои узвҳои даруни сина ва шушро аз моддаҳои ғайрӣ пок мекунад. Агар инро бардавом бо зарпечак якҷо биҳӯранд, ҳилти савдоро ҳам ронда, баданро аз он пок менамояд ва барои дарди сар, каҷ шудани рӯй, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), қарахтии узвҳо, ларзак, саръ (припадка), сакта (мурда барин беҳаракат мондан), дар хоб сиёҳӣ зер кардан, чарх задани сар, сиёҳ задани чашм, молихулиё, лисарғус (летаргия); бемориҳои чашм, гӯш, даҳан, ҳалқ, меъда, ҷигар, талҳадон, сипурз, бачадон, бавосир, дарди асабҳо, мондагӣ, гирдак-гирдак рехтани мӯи сар ва риш, дафъ кардани таъсири заҳри хӯрдашуда ва газидани ҷонварони заҳрнок даво мешавад, меъдаро қувват медиҳад, ба таом иштиҳо меоварад; пешоб, ҳайз ва ширро равон мекунад; ҳамаи навъҳои кирми шикамро, аз ҷумла кирми кадудонаро низ мекушад.

Агар инро дар об ҷӯш дода, бо он об ғарғара кунанд, каҷ шудани рӯйро сиҳат мебахшад. Оберо, ки дар он талҳшувок ҷӯшонида шуда бошад, бо асал даромехта биёшоманд, каҷ шудани рӯй, фолиҷ, сусту нотавон гаштани узвҳо, ларзак, саръ, сакта, дар хоб сиёҳӣ пахш кардан — барои ҳамааш дору мебошад. Чун каси фолиҷзада дар меъдааш ахлоти гарми аз чизҳои хӯрдашуда ҷамъ гашта бошад, талҳшувокро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшонанд, он ахлоти зарарнокро дарҳол хориҷ мегардонад.

Оби гиёҳи тарашро дар гулӯ ё дар бинии сактазада бирезанд, зуд онро ба ҳуш меоварад.

Талҳшувокро дар об ҷӯшонида, он обро соф намуда, бо сабир (алоэ) биҳӯранд, чарх задани сар ва сиёҳ задани чашмро, ки аз бисёрии балғам ва сафро ба зуҳур омада бошанд, ислоҳ мекунад. Агар инро дар об як шабонарӯз тар карда, баъд он обро соф намуда бинӯшонанд, лисарғусро ҳушёр мекунад.

Чун гиёҳи хушки онро кӯфта, дар латтаи зағирпоя баста, баъд онро дар оби гарм тар карда, ба чашме, ки дар он нуқтаҳои сурх муддати дароз боқӣ монда бошад, гармбандӣ кунанд, онро дафъ месозад. Дар ин

пешина
аз 702
навбатӣ