Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Агар 25 грамм зарпечакро кӯфта, бо 25 грамм сиканҷабин даромехта бихӯранд, хилти савдоро аз бадан башиддат меронад, сипурзло пок мегардонад ва барои молихулиёи вобаста ба вайрон шудани феъли сипурз нафъ дорад. Агар ҳар ҳафта як мартаба аз ин таркиб хӯрда шавад, нофеъ аз барои молихулиё девонагӣ ва ҳамаи иллатҳои савдовӣ мебошад.

Чун зарпечакро дар об як-ду ҷӯше дода, баъд молида, соф карда, дар оби софи он гулканд ҳал намуда, аз нав соф карда бинӯшанд, сарро аз ахлоти мурдори савдовӣ пок мекунад ва барои иллати дар хоб сиёҳӣ паҳш кардан, ки сабабаш ба сар баромадани бухори меъда бошад, нафъ дорад.

Агар аз 21 то 35 грамм зарпечакро дар майи пухтагӣ камтар биҷӯшонанд ва баъд молида, фишурда, соф гардонида бихӯранд, барои чингак шудани узвҳо аз ғалабаи балғам, карахтӣ, саратони решгашта нофеъ аст. Агар 15 грамм зарпечакро кӯфта, бо камтар асал ва андаке намак бихӯранд, моддаҳои савдо ва балғамро бо исҳол хориҷ мегардонад.

Огоҳ намоем, ки таркиби зарпечак бисёр нозук аст. Бинобар ин онро бисёр маҳин кӯфтан, дар об ва дигар давоҳои рақиқ (суюқ) муддати дароз ҷӯшонидан лозим нест. Агар маҳин бикӯбанд ва ё бисёр ҷӯшонанд, хислати давогиаш гум мешавад. Ҳангоми ҷӯш надода истеъмол кардан кӯфта, пачак намудан кифоя аст ва агар ҳатман ҷӯшонидан мурод бошад, як-ду ҷӯш хӯрад, басанда аст.

Хӯрдани зарпечак ба одамони сафравӣ ва гарммизоҷон, инчунин ба ҷавонон зарар дорад: ғамгинӣ, беҳушӣ ва ташнагиро ба зуҳур меоварад. Дар ин ҳолат заъфарон, қатиро ва бо равғани бодоми ширин чарб карда бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад. Ба қавле ба шуш ҳам зарар дорад. Дар ин мавриди шилми бодомҳоро бихӯранд, безиён мегардонад.

Миқдори як бор хӯрданд аз зарпечак дар як рӯз то 17,5 грамм аст ва барои дар об ҷӯшонидан 35 грамм меандозанд.

  1. Талхшувок

Ин гиёҳро ба забони узбекӣ эрман ва ба русӣ горькая полынь мегӯянд ва алҳол дар аптекаҳо ба «полынь трава» машҳур аст.

пешина
аз 702
навбатӣ