Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ба ибро меоварад, беихтиёр равон шудани маниро ислоҳ менамояд.
Инро ба пешонӣ гузошта банданд, хоб меоварад, дарди сарро манъ мекунад ва намегузорад, ки моддаҳои зарарнок ба чашм рехта шаванд; агар ба мӯй бимоланд, онро аз рехтан нигоҳ медорад, ба ҷои каждумгазида гузошта банданд, заҳрашро дафъ мекунад.
Вале хӯрдани ин барои боҳ зарар дорад — дар ин маврид мустақом бояд бихӯранд, ки дафъи зиёни он намояд.
Аз коҳу равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Оби баргашро ҳар қадар, ки хоҳанд, мегиранду дар зарфе аз болояш ним вазни он равғани кунҷиди тоза дохил намуда, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то об бухор шуда дур гардаду равған бимонад. Эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад.
Мизоҷи ин равған сард ва тар аст.
Ин равғанро бихӯранд, ба майна намӣ мебахшад, хоб меоварад; барои молихулиё ва саръ (припадка), ки аз хушкии майна бошад, дору мешавад; сахтиҳои даруни баданро мулоим мекунад, намегузорад, ки аз шароб нӯшидан маст гарданд.
Равғане, ки аз тухми коҳу кашида бошанд, қавитар аст аз равғани барги он. Тариқи кашиданаш чунин аст. Тухми коҳуро ҳар миқдор, ки хоҳанд, мегиранд ва бар он андак оби гарм пошида, баъд бо ҳар усул, ки сахт бар он фишор бидиҳанд, равғанаш бармеояд.
Оби баргаш дар ҳама ҷиҳат монанди тухми он аст. Агар инро бо равғани гулисурх даромехта бимоланд, дарди сари гармро таскин медиҳад.
Мизоҷи коҳуи саҳроӣ сард ва тар аст, вале рутубаташ камтар аз бӯстонӣ мебошад. Инак, хислатҳои шифобахшаш зиёдтар аз коҳуи боғӣ аст. Барг, тухм ва шираи он монанди коҳуи бӯстонӣ мебошад, балкӣ шираш аз он қавитар аст.
1,75 грамм аз шираш биёшоманд, моддаҳои обии зарарнокро аз ҷигар дафъ мекунад, ҳайзро равон менамояд, барои касоне, ки каждум ва ғунда газида бошанд, дармон мешавад.
Агар инро ба чашм кашанд, захми чашмро пок мекунад, беист рафтани рутубатро аз он бозмедорад ва ислоҳ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор