Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
инчунин моддаи савдоро паст месозад; шиддати ташнагӣ ва тафсро таскин медиҳад, гиреҳҳои баданро мекушояд, хуморро дафъ мекунад, маст шуданро манъ менамояд, намегузорад, ки бухорҳои зарарнок аз поёни бадан ба майна бароянд; дарди сар, сурфа ва назларо, ки ҳама аз гармӣ ва хушкӣ бошанд дафъ месозад; хоб меоварад, варамҳои гармро рад мекунад, дарунро мулоим мегардонад, пешобро меронад, хусусан инро ношуста бихӯранд, дар ин бобат қавитар мебошад. Инчунин барои хоришҳо, махав, девонагӣ, зардпарвин, дарди пистон, табҳои гарм, захмҳои даруни ҳичак, роҳҳои пешоб ва сӯзиши пешоб дору мешавад. Агар ба ин барг сирко пошида бихӯранд, иштиҳоро бармеангезад, зардпарвинро дафъ мекунад дарди меъдаро таскин медиҳад.
Пухтаи коҳу назар ба ҳоми он серҳизстар мебошад, барои дарди узвҳои даруни сина ва зиёд кардани шири занҳо давои хубест. Вале агар инро бисёр бихӯранд, барои боҳ (пушти камар), беморони сил ва дамкӯтаҳӣ зарар дорад. Фаромӯшотирӣ ба амал меоварад, ҳисҳои баданро тира мегардонад то ба дараҷае, ки касро аҳмак мегардонад, чашмро хира ва ҳатто торик мекунад ва дарунро пурбод месозад Барои ислоҳи зарари ин наъноъ, карафс, ҳалилаи парпарда ва зира бояд истеъмол намоянд.
Миқдори як бор хӯрдан аз оби ин дар як рӯз то 350 грамм аст.
Коҳуро кӯфта гузошта бабанд, тафси чашмро таскин медиҳад, варамаширо низ мегардонад, инчунин ҳар як варами гармро таҳлил медиҳад, сурхбодрӯ нест мекунад.
Коҳуро сӯхта, ос карда бипошанд, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад ва ҷӯшиши (пухтани) даҳанро дармон мешавад.
Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин хусусиятҳои карахткунандагӣ дорад, хоб меоварад, моддаҳои ба ҷӯш омадаро хомӯш месозад.
Агар аз ин 7 грамм кӯфта бихӯранд, дар вақти хоб шайтонӣ шуданро ислоҳ мекунад, шаҳвати мардиро суст мегардонад, зуком ва назларо банд менамояд, дарди узвҳои даруни синаро таскин медиҳад, чакмезакро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор