Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
худро расонида, ба зудӣ ба таҳлил меравад ва барҳам мехӯрад, вале қисми сахти сардмизоҷи асосии он муддати дароз боқӣ мемонад ва таъсири сардӣ меоварад.
Аммо аз рӯи таъсири давоҳо чунон муайян карда шудааст, ки агар он давое, ки хислати кушодани гиреҳҳо ва банд кардани ҳаракати моддаҳои рақиқ дошта бошад, мизоҷаш гарм ва хушк аст бо хислати сардӣ — яъне он даво мураккабулқуво мебошад бо зиёдати гармии мизоҷ. Он чӣ дар он таҳлилдиҳандагӣ ва часпандагӣ мавҷуд бошад, дар он даво гармӣ ва тарӣ бисёр аст. Он чиро қувваташ бисёр нозук ва суст бошад, монандӣ: сакмуниё ва ё шустанаш ҷоиз набушад, монандӣ: коснӣ, ба он далолат мекунад, ки қисми гарммизоҷи он бисёр кам ва заиф аст, вале қисми хоқии сардмизоҷи ғафсаш бисёр аст. Ҳамин тариқ монанди инҳо аҳволи дигар давоҳоро муқоиса кардан даркор аст.
ФАСЛИ ШАШУМ.
ДАР БАЁНИ ЭҲТИЕҶ БА МУРАККАБ СОХТАНИ ДАВОҲО
Аввалан бояд донист, ки давои муфрад (содда) ҳеҷ вақт бар зидди бемории дигари дар шафати иллате мавҷудбуда ба қадри кофӣ муқовамат карда наметавонад, яъне дар кайфият ва хосияти худ ба ин кор кифоятбахш нест, ки дар аксар ҳолат хусусан бемориҳои мураккаби зиддиятнокро дафъ ва нест гарданад. Бинобар ҳамин давои мураккабро сохтан беҳтар ва мувофиқтар аст, ки ба он бемориҳо муқовамат намояд ва таркиби ин давои мураккаб чӣ қадар сабуктар ва камтар бошад, беҳтар аст. Зеро ки давои содда ба табиати бадан нисбат ба давои мураккаб сабуктар ва сусттар таъсир мебахшад.
Камии миқдори таркиб ва бисёрии қисмҳои он барои қавӣ гаштани даво мебошад, ё барои ҳифзи (пойдории) қуввати он, ё барои дафъ кардани хусусияти бад, яъне озор ва газанди он, ё барои ба мавзеи иллат рафта расидан ва нуфуз кардан ба он, ё барои дафъ гардонидани кароҳият ба нохушии таъм ва бӯи он ва ё монандӣ ин фоидаҳо ва нест кардани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё