Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
он моддаро мефаҳмонад. Ҳамин тариқ ҳар як бӯи му-лонми таскиндиҳанда гармӣ ва ба дилу рӯҳ фараҳ ме-бахшад, барои майна тароватовар ва оварандаи хуб мебошад, баробари ин ба мӯътадил будани гармии ми-зоҷ, бисёрини тарӣ ва сабукии ҷавҳари он модда да-лолат мекунад ва баъзе аз онҳо ба сардӣ ва таринии мизоҷи онон долл аст.
Боз як воситаи муайян кардани мизоҷ ва кайфияти даво мавҷуд аст, ки он шаҳодати рангҳои ашё мебо-шанд. Лекин ба ин тариқ муайян намудани кайфият ва мизоҷи давоҳо нисбат ба дигар усулҳо хеле заиф аст (ҳатто аз усули бӯйфаҳмӣ ҳам сусттар мебошад). Ав-вал ҳаминро гӯем, ки ҳамаи рангҳо аз ду ранги асосӣ, ки сафед ва сиёҳ мебошанд, мураккаб гаштаанд, ки бо камӣ ва зиёдии яке ва дигаре ҳангоми омезиш, гуно-гуннамо мебошанд. Хуллас, бигӯем, ки ранги ҳар як ҷисм сиёҳ бошад, мизоҷаш гарм аст ва ҳар ранги са-фед аломати сардии мизоҷи он аст; ҳар сурх аломати мизоҷи мӯътадил, ҳар сабзро аломати сардӣ ва хуш-кии мизоҷ ва зардро аломати гармӣ ва хушкии мизоҷи он донистаанд. Мо дар боло гуфтем, ки бо воситаи ранг муайян кардани мизоҷ ва кайфияти давоҳо хеле заиф мебошад. Барои далели ин фикр мисол меоварем, масалан: ранги афюн сиёҳ ва бӯяш тез аст, аз ин рӯ бояд мизоҷаш гарм бошад, вале ин тавр нест, балки сард аст.
Ҳамин тавр ҳукм аст дар муайян кардани мизоҷ ва кайфияти давоҳо бо воситаи таъми онҳо, яъне ин ҳам қатъӣ нест гуфта будем. Боз ҳамон чизҳоро барои далел меоварем. Афюн бисёр талх аст, вале аз рӯи ҳукми бо воситаи таъм муайян кардан мизоҷи он гарм нест, балки сард аст. Инчунин агар бо воситаи бӯяшон мизоҷ меёфта бошем, мизоҷи афюн ва кофур бисёр сард аст, аммо таъмашон талх ва тунд мебошад, ҳатто аз бӯйҳои давоҳои гарммизоҷи мурч, заъфарон, ҳояи сагобӣ, анбар ва мушкам баландтар аст, ки аз ин ҷиҳат ҳукм баровардан мумкин аст гӯё онҳо гарммизоҷанд. Вале дар ҳақиқат ҳар дуи ин даво мураккаб-ул-қуво мебошанд, ки дар онҳо ду қисми мизоҷ мавҷуд аст: яке қисми сабуки бӯйдор, ки боиси содир шудан кайфияти гармӣ гаштааст ва дигаре сахти асосии сардмизоҷ, ки боиси ранг ва содир шудани таъсири сардӣ гаштааст. Баъд аз дар бадан ворид гаштани қисми сабуки гарммизоҷи он ба табиати бадан таъсири

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё