Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

мизоҷаш моил ба хушкӣ мегардад. Қувваташ то ҳафт сол боқӣ мемонад.

Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумии ин: фараховар, арвоҳ, яъне рӯҳҳои нафсонӣ, ки манбааш майна аст, рӯҳи ҳайвонӣ, ки манбааш дил аст ва рӯҳи табииро, ки марказаш ҷигар аст, ҳар сеяшро қувват мебахшад, инчунин ҳарорати модарзодии баданро қавӣ мегардонад; узвҳои раисаро, ки иборат аз дил, майна, ҷигар, меъда, гурда ва хояҳо мебошанд, пуркувват мегардонад, инчунин даҳ ҳисси одамиро мустаҳкам месозад; дарунро мулоим мекунад, ахлоти сӯхта, моддаи савдовии аз худи савдо ба ҳам расидаро бо воситаи исҳол дафъ мекунад ва инчунин зарарҳои ин моддаҳоро барҳам медиҳад, инак, ҳамаи иллатҳои савдовиро ба ибро меоварад.

Агар говзабонро бо давоҳои муносиби дар об ҷӯшонидашуда якҷо биёшоманд, барои сарсом (варами пардаҳои майна ва худи майна, яъне менингит), варамҳои пардаҳои паҳлуи даруни сина, молихулиё ва девонагӣ даво мешавад, ҳамаи ҳиссҳои одамиро устувор медорад ва ранги рухсорро неку месозад, фарах мебахшад: дағалии касабаи шуш ва узвҳои даруни сина, сурфа, зиқ-ун-нафас (астма), дарди гулӯ, дарди узвҳои даруни сина ва шуш, дилтапакӣ (дилбозиӣ) тарс, хавф, ғам, ваҳм, дилтапак — ҳамаашро дафъ менамояд, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад.

Ҳар як қисми говзабонро бо обе, ки дар он гули-хайрӣ ҷӯшонида шуда бошад, биёшоманд, варами пардаҳои майна ва худи майна, варами пардаҳои паҳлуи даруни сина, молихулиё (меланхолия) ва девонагиро дафъ мекунад: ҳамаи ҳиссҳои бадан ва ранги рухсорро неку мегардонад; фарах меоварад; шахшӯлии касабаи шуш (бронхия), узвҳои даруни сина, сурфа, зиқ-ун-нафас, дарди гулӯ, дарди узвҳои даруни сина ва шуш, дилтапаки савдовӣ, ваҳшигӣ, васвос, хавф, тарс, ғам ваҳм ва зардпарвинро шифо мебахшад, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад.

Говзабонро дар об ҷӯшонида, он обро бо набот, шакар ё бо асал ширин карда бинӯшанд, дағалии узвҳои даруни сина ва касабаи шуш, сурфа ва зиқ-ун-нафасро шифо мебахшад.

7 грамм гули хушки онро бо 3,5 грамм гили армаий,

пешина
аз 702
навбатӣ