Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ба ҳам оварда сиҳат мебахшад, вале агар хушқашро кӯфта гузошта банданд, захмҳоро хушк ва захмҳои хабисаро дафъ мекунад.

Ҳамаи навъҳои печак ҳангоми хӯрдан ба асаб, сар ва хичак зарар дорад. Давои ин намуди зарари он набот хӯрдан аст. Инчунин ҳомила шудани занонро ҳам манъ мекунад, ҳайзро низ қатъ месозад.

Миқдори як бор нӯшидан аз оби он дар як рӯз аз 25 то 100 грамм аст ба шарте, ки онро начӯшонида, бо набот биёшоманд.

Мизоҷи печакҳои майда қариб монандӣ печаки калон аст, яъне мураккабулқувват мебошад.

Хислатҳои шифобахши он. Хосиятҳои умумии ин: варамҳоро таҳлил медиҳад, моддаҳои ғафсро дар бадан рақиқ (суюқ) мегардонад, инчунин бинобар часпанда будани таркибаш моддаҳои сафровиро бо исҳол аз бадан дафъ мекунад. Ин навъи печак назар ба ҳамаи қисмҳои дигараш солимтар ва форамтар аст. Агар инро бихӯранд, ҳамаи навъҳои сурфаро, ки бо хушкии дарун бошанд, дафъ мекунад ва инчунин кулинчро, ки сабабаш моддаҳои гарм бошад, шифо мебахшад.

Агар инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои пайвандҳои бадан ва ғайраро таҳлил медиҳад.

Миқдори як бор нӯшидан аз оби ин гиёҳ дар як рӯз 150 грамм бо 70 грамм набот бояд биёшоманд.

Ба ҷои ин оби барги гулихайрӣ ва оби тугмачагулро бинӯшанд, раво мебошад.

  1. Говзабон

Ин гиёҳро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон забони говак низ меноманд. Растании мазкур ҳамаи қисмаш пашмаки дурушти хормонанд дорад. Барғаш калон ва дароз, монандӣ забони гов шахшӯл бо пашмакҳои дағали хормонах, ки бар рӯи замин густарда мебошад. Гиёҳи баҳориаш агар барғаш нав бошад, сабзи ба зардӣ моил, вале дерина гардад, рангаш моил ба сиёҳӣ мезанад. Гулаш лоҷвардӣ, дарозак. Тухмаш резаи тӯлонӣ, сафед, аз тухми маҳсар бориктар, дар ғилофи қифмонанде ҷойгир аст.

Мизоҷи тару тозаи он дар дараҷаи якум гарм ва тар аст, вале агар хушк кунанд, рутубаташ қоҳида,

пешина
аз 702
навбатӣ