Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан
  1. Пудинаи даштиро баргҳояш реза, нарм, нозук, бӯяш тунди боатрният, таъм ва бӯи он ба пудинаи наҳрӣ наздиктар, вале аз он тезтар ва талхтар аст, тухмаш монанди тухми райҳон мебошад.

Мизоҷаш дар аввали дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: ошомидани он барои кузоз (столбняк) дору мебошад, моддаҳои бегонаи узвҳои даруни сина ва меъдаро пок мегардонад, сӯзиши меъдаро таскин медиҳад, оруғ ва беҳузур (беҷо) шудани дилро ба ибро меоварад; бодҳоро пароканда менамояд, ҳамроҳаки (ёраки) бачаро аз шиками зан меафтонад; арақ, пешоб ва ҳайзро равон менамояд, моддаи савдоро бо исҳол дафъ мекунад, бачаро дар шиками ҳомила мекушад, бар зидди заҳрҳои ҷонварон тӯрёк мешавад.

Онро кӯфта, занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаро аз шиками онҳо меафтонад.

Пудинаи даштиро дар об ҷӯшонида, ба таги шикам кам-кам ва бардавом бирезанд, хориши бачадон (бешеная матка), бодҳои бачадон ва сахтии онро, ки дар тибби ҳозира ноболиғии бачадон меноманд — ҳамаашро дафъ мекунад.

Инро сӯхта ба дандон бимоланд, милки онро мустаҳкам мегардонад.

Инро бӯй кунанд, иллати беҳушвавиро дафъ мекунад.

Вале истеъмоли ин ба дарун барои рӯдаҳо зарарнок аст. Давои ин зиёнаш катиро хӯрдан мебошад.

Миқдори як бор хӯрдан аз пудинаи даштӣ дар як рӯз то 7 грамм аст.

II. Пудинаи кӯҳӣ, яъне кийпкӯтӣ. Баргҳои ин анбӯҳ, бузургтар аз баргҳои пудинаи даштӣ ва гирдак аст. Агар инро гӯсфанд бихӯрад, шираш ба хун табдил меёбад. Бӯи ин пудина тунд. Барои даво назар ба дигар пудинаҳо қавитар аст.

Мизоҷаш дар охири дараҷаи саввум гарм ва дар миёнаи ҳамин дараҷа хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бинӯшоманд, рутубатҳои ғафсро аз узвҳои даруни сина, шуш, бачадон дафъ мекунад, иштиҳоро афзун менамояд; кулинҷро, ки варами рӯдаҳои ғафс аст, мекушояд, беҳушӣ ва

пешина
аз 702
навбатӣ