Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

субҳ оби софи онро бинӯшанд, кирмҳои меъдаро дафъ мекунад ва беҳузур (беҷо) шудани дилро, ки аз зиёд гаштани рутубат ва ё ҳарорат бошад, шифо мебахшад.

Ҳангоми палов тайёр кардан аввал пиёз ва гӯштро дар равған сурх гардонида, баъд масолеҳи дигар дохил намуда, ба шарте ки биринҷи дар об соате тар кардашударо кафмол карда шуста, баъд дар дег андохта, аз болояш он миқдор об дохил намоянд, ки ҳангоми баъди ҷӯшонидан дам кардан, биринҷ мувофиқи муддао об гирифта бипазад. Ин ғизои солеҳ аст аз ҳар ҷиҳат барои нигоҳ доштани дурустии тани одам ва дарди сареро, ки бо иштироки ҳолати дил бошад ва агар баъд аз пок гардонидани бадан аз моддаҳои зарарнок ин хӯрда шавад, шифо мебахшад. Инчунин барои дарди саре, ки сабабаш аз меъда ба сар баромадани бухорҳо бошад, нафъи хубе дорад.

Биринҷро шуста дар об пазанду онро соф карда, чун оби чав хунук гардонида бихӯранд, шиддати тезии хилтҳои (моддаҳои) меъда ва рӯдаҳоро таскин медиҳад, қуввати боҳро зиёда мегардонад, баданро фарбеҳ месозад ва манӣ пайдо мекунад.

Биринҷро дар об пухта, дар охири пухтан каме шакар, гулоб, заъфарон ва равғани маскаи гов андохта, дам дода бипазанд, ин палови заъфароннок ном дорад. Хӯрдани ин барои дарди саре, ки сабабаш дар дил зиёд гаштани моддаи савдо бошад, шифо мебахшад.

Тариқи дигари тайёр кардани ин палов ба усули ҳиндӣ чунон аст, ки биринҷро бо ҳамон обе, ки вай тар карда мешавад, бипазанду дам диҳанд, яъне дам хӯронанд, то монандӣ палови хушка (беравған) мулоим гардад. Баъд равғани гов дохил карда бихӯранд, дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад.

  1. Пудина

Пудина се намуд дорад: пудинаи даштӣ, пудинаи наҳрӣ ва пудинаи кӯҳӣ, ки ба забони узбекӣ кийикӯтӣ меноманд ва дар байни тоҷикони шимолӣ бо ҳамин ном иштихор дорад.

пешина
аз 702
навбатӣ