Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

гуфтаанд, ки дар дараҷаи якум сард аст ва дигаронч табибон мизоҷи онро гарм дар дараҷаи якум медонанд; инчунин баъзеи дигарон мизоҷи онро дар гармиву сарди мӯътадил донистаанд.

Ин ҷо ҳар сеи қавл ҳам саҳеҳ мебошад. Зеро ки мураккабулқувват аст: таркибаш қисми сарди борутубат дорад вақте, ки дар об ҷӯшонанд. Агар инро дар об ҷӯшонида, аз об ҷудо кунанд, худаш сардмизоҷ дар дараҷаи якум мегардад. Обе, ки дар он биринҷ пухташуда бошад, аз ҷиҳати мизоҷ дар дараҷаи якум гарм аст.

Ҳакими Самарқандӣ дар «Китоби ағзия» гуфтааст, ки ба қавли қавме биринҷ гармкунандаи бадани одамони гарммизоҷ аст. Ин қавл аз рӯи таҷриба ва қиёс маъқул аст. Зеро ки хушкӣ ва часпандагии биринҷ ҳар гоҳ амал кунад, дар баданҳои одамони гарммизоҷ бо ҳарорати мавҷуда боиси афзоиши хушкӣ ва часпандагии он мегардад. Бинобар он ки чизҳои часпаки хушки камрутубат ба зудӣ гармиро қабул намуда, аз ҳарорати пуркувват ба сӯзиш меоянд. Дар ин чунин ҳолат рӯй медиҳад.

Биринҷ ҳангоми хӯрдан дар ҳолати баланд будани ҳарорати бадан дар мизоҷ гармӣ меоварад ва аз сабаби кам будани рутубаташ аз гармии бадан ба сатҳи даруни рагҳои борик, аз ҷумла дар мӯрагҳои мосориқо часпида, дар он банд гашта, гиреҳҳоро ба амал меоварад ва ба ҳамин минвол ҷараёни обро ба даруни ҷигар манъ мекунад. Бо ин восита мизоҷи одамони гарммизоҷро зиёдтар мегардонад. Аммо ин дар одамони сардмизоҷ ва тармизоҷ бошад, бинобар бисёр будани тарӣ, хушкӣ ва часпандагии он кам мегардад. Зеро қисми часпандаи он ба рутубатҳои бадани онон омезиш ёфта, ҳал мешавад ва инак, мизоҷи он касонро мӯътадил месозад.

Мувофиқтарин вақтҳои хӯрдани биринҷ он аст, ки ҳаво пурнам бошад, зеро он вақт иштиҳо ба таом зиёдтар мегардад.

Хуллас, агар биринҷ ҳангоми хӯрдан дар рагҳои бадан гиреҳҳо пайдо намояд, инро бо воситаи маскаи нав, ширинии бисёри дар меъёри мӯътадил намак дохил карда, дар оби сабӯси гандум як шаб биринҷро тар намуда, бо шарбати тухми махсар пухта бихӯранд, мувофиқи муддао мегардад, низ барои зуд наомадани

пешина
аз 702
навбатӣ