Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
беморон биринҷро нахӯронидаанд! Вале онҳо инро махсус ба одамони тандуруст беҳ донистаанд. Зеро ин дар беморон кайфияти зиддиятнок зоҳир мекунад ва дар одамони сиҳат кайфияти мувофиқ, яъне форам ба амал меоварад. Албатта ин тафсилот барои биринҷҳои ғайриҳинӣ гуфта мешавад. Зеро барои баъзе беморон биринҷи ҳиндиро оши суюқ карда хӯронидан мувофиқтар аст назар ба донинаҳои дигар. Инашро ҳам бигӯем, ки барои баъзе беморон нони гандум форамтар аст.
Биринҷи сафедкарда навъҳои сурх ва сафед дорад.
Қисми сурхи онро бихӯранд, дарунро мебандад, вале навъи сафедаш ин тавр набуда, балки ҳамчун ғизо кавитар аз сурхи он аст. Қавлҳое мавҷуданд, ки хӯрдани ҳамаи навъҳои биринҷ дар узвҳои бадан гиреҳҳоро ба ҳам мерасонад, қабзиятдор мебошад. Агар инро батанҳои пухта бихӯранд, ғизояташ кам, вале барои иллати исҳол, исҳоли хунин ва ҳаҷа (бӯғма) шудани бачадон, бемориҳои гурда ва ҳичак даво мешавад. Агар бо шакар бихӯранд, ғизояташ бисёр мегардад, бохро ба ҳаракат меоварад, баданро фарбеҳ месозад ва манӣ пайдо мекунад; бо дӯғи нав ва татум бихӯранд, тафси баданро таскин медиҳад, барои исҳоли сафровӣ даво мешавад; бо шири навдӯшида бихӯранд, исҳолро мебандад; бо чарбии гурдаи буз ва равғани гов бихӯранд, дарди рӯдаҳоро бартараф мегардонад. Агар биринҷро бисёр бихӯранд, ҳоли нохуши баданро ба ислоҳ меоварад, ранги рӯйро пок менамояд, умри дароз мебахшад, дар бадан моддаи солим пайдо мекунад ва боиси дидани хобҳои хуб мегардад.
Биринҷро дар об ҷӯшонида, монандӣ оби ҷав бипазанду бихӯранд, сӯзиш ва тезии ахлоти сафрович меъда ва рӯдаҳоро таскин медиҳад.
Биринҷро бо шири навдӯшида баробармиқдор гирифта пухта бихӯранд, мании бисёр пайдо мекунад.
Низ қавлҳои дигар шаҳодат медиҳанд, ки биринҷ баъд аз хӯрдан зуд аз меъда фуруд меояд, ғизои сабук мебошад, барои табъи аксари одамон ҳар доим форам аст, вале ҳамчун ғизо қувваташ аз гандум камтар мебошад.
Инро бо таъкид қайд кунем, ки дар хусуси мизоҷаш ҳамаи табибон як нуқати назар доранд ва мегӯянд, ки хушк аст дар дараҷаи дуввум. Вале гармӣ ва сардии онро ба таври мухталиф медонанд. Баъзеҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор