Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

бирезанду муддате дар ҷои гарм бигузоранд ё дар саргини асп дафн кунанд, то ки ба ҷӯш ояд, яъне маст шавад. Баъд дар анбиқ муқаттар намоянд ва равғанро аз рӯи он оби муқаттаргашта бардоранд — ин равғани мурч ҳисоб меёбад. Инро дар шиша нигоҳ доранд ва дар вақти ҳоҷат ба кор баранд.

Равғани мурч ҳамчун даво ҳамаи хислат ва қувватҳои мурдро дорад, балки аз он қавитар аст, аммо дар ин равған тезии мурч нест. Хӯрдани ин равған ҳамаи бемориҳои сардмизоҷро шифо мебахшад.

Миқдори як бор ошомидан аз равғани мурч дар як рӯз аз як то се қатра аст.

  1. Қаламфур

Ин растании машҳур аст. Самараш дарозаке иборат аз пӯсти дарунхолӣ, дар аввал сабз ва баъди расидан сурх мегардад. Таъми самараш хеле тез бо камтар талхист. Инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон иштибоҳан «занҷабил» меноманд, вале дар ҳақиқат занҷабил чизи тамоман дигар аст ва занҷабил дар шароити сарзаминҳои мо намерӯяд. Дар хусуси занҷабил мо дар боло зикр намудем.

Мизоҷи қаламфур дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, боли ғализ ва балғами часпакро таҳлил медиҳад, гиреҳҳои узвҳои даруни баданро мекушояд; агар инро бо асал бихӯранд, боҳро (пушти камарро) ба ҳаракат меоварад, барои дарди дандон дору мебошад; кулинҷро, ки варами рӯдаҳои ғафс ва иловусро, ки варами рӯдаҳои борик аст, шифо мебахшад.

Вале ба дарун истеъмол кардани ин ба ҳалқ зарар дорад — давои ин зиёнаш челон хӯрдан аст.

Хӯрдани қаламфур мизоҷи сарди одамонро ба эътидол меоварад.

Миқдори хӯрдан аз он дар як рӯз то 7 грамм аст.

Хотираеро оид ба хислати қаламфур муаллифи ин китоб гуфтанӣ ҳастам, ки соли 1952 рӯдаҳои ман башиддат варам карданд, ҳатто боли шикам ҳам намегузашт. Дар илоҷи ин ба ҳайрат мондам. Вале баъди муддате иродае ба сарам расид, ки чунин кардам. 15

пешина
аз 702
навбатӣ