Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
бо танакори арманӣ, яъне бо натрун даромехта банданд, доғи сафеди пӯстро баниҳоят пок месозад, рухсораро сурх мегардонад; бо пиёз ва намак даромехта, бошиддат бимоланду баъд инро гузошта банданд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.
Мурч асабҳо ва мушакҳоро ба ҳадде гарм мекунад, ки дар ин бобат тимсоли ин даво вуҷуд надорад.
Мурчро кӯфта, дар об ҷӯшонида, он оғро бинӯшанд қай кунанд, заҳри мор, кадум ва афюнхӯрдаро аз бадан дафъ месозад, барои ин батакрор ҷӯшонида нӯшидан даркор аст. Ин об барои ҳамаи заҳрҳои хунукмизоҷ, аз ҷумла бар зидди заҳри ашаддӣ, ки биш аст, тарьёк мебошад.
Табибони Ҳиндустон мегӯянд, ки чун шахси моргазида мурчро бихояду агар тезии онро эҳсос намояд, маълум мешавад, ки заҳр дар бадани вай чандон таъсир накардааст, вале агар тезии онро ҳис накунад, равшан аст, ки заҳр дар бадани вай таъсир кардааст—ин имтиҳони қавӣ мебошад аз барои халос хӯрдан аз заҳр ё барои донистани ҳолати таъсири он.
Хӯрдани мурч одамони гарммизоҷро дарди сар медиҳад, узвҳои дарунии сина ва халкро дағал мегардонад, ба ҷигар ва гурдаи гарммизоҷ ҳам зарар дорад, инчунин ба касоне, ки баданашон камхун аст, низ ва ба касоне, ки дар ботинашон ва роҳҳои пешоби онҳо роҳат дошта бошад, зиён мекунад, дар фасли гарманиро хушк мегардонад, ба ҷавонони гарммизоҷ ва ҳангоми мавҷуд будани бемориҳои гарммизоҷ ва иллатҳои тунд хӯрданаш ҷоиз нест. Барои ислоҳи ҳамаи ин гуна зарарҳояш равғанҳои сардмизоҷ бояд бихӯранд, вале агар ба касони сардмизоҷ зарар расонад, асали соф истеъмол намоянд, кифоя аст.
Миқдори хӯрдан дар як рӯз аз мурч то 4,5 грамм аст. Ба ҷои мурч занҷабил истифода намоянд, равост.
Истеъмоли мурчи сафед барои меъда, сипурз ва заҳра беҳтар аз навъи сиёҳи он аст. Ба ҷои мурчи сиёҳ якуним вазни он мурчи сафед истеъмол карда мешавад.
Аз мурч равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ Хар қадар, ки хоҳанд, мурчро гирифта, чавкӯб намуда, ба ҳар як 300 грамми он 25 грамм намак дохил карда, шаш баробари вазни мурч оби гарм аз болояш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор