Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
нахӯдзор ва баъзан дар байни палакҳои харбуза ва каду бармеояд. Таъми сурхи он ширин — инро мехӯранд, вале таъми навъи сафеди он талх — инашро намехӯранд.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум сард ва хушк аст. Ҳислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, исҳолро манъ мекунад ва хуни рафтаистода, инчунин арақро банд менамояд; ҷигар ва меъдаро қувват мебахшад ва сустии меъдаро ба ислоҳ меоварад; мондагиро хориҷ ва моддаҳои гарммизоҷро аз дохил гаштан радд мекунад, сахтиҳоро таҳлил медиҳад, буғум ва пайвандҳои сустгаштаи баданро мустаҳкам мегардонад. Барои банд кардани хуни рафтаистода ва арақ гузошта банданд, низ ҳамон таъсирро дорад.
Чун инро бо шири бузи навдӯшида бипазанд ё бо дӯғи ҷӯғроти гов биёшоманд, барои қувват бахшидани меъда ва ҷигари сустгашта давост.
Вале истеъмоли ин ба дарун барои шуш зарарнок аст — давои ин зарараш шакар хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз шумгиёҳ дар як рӯз то 7 грамм аст.
Ба ҷои ин сеяк вазнаш мозу, нисф вазни он пӯчоқи сӯхтаи тухми мурғ ва баробари вазни он шилми бодомҳоро бихӯранд, ҷоиз мебошад.
- Оқирқирҳо
Ин гиёҳест, ки дар ҳамаи кӯҳистон ва баландиҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон мерӯяд. Решааш, ки дар тиб ҳамин қисмаш истифода мешавад, ба дарозии ангуште, каме бориктар аз он, хушбӯ мебошад. Қуввати он то ҳафт сол боқӣ мемонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Ҳислатҳои шифобахши он: решаи инро кӯфта гузошта банданд ва инчунин хушкашро кӯфта бипошанд, гиреҳҳоро мекушояд, майна ва узвҳои онро аз моддаҳои бегона пок мегардонад, баданро аз балғам пок месозад.
Агар инро бихӯранд, барои бемориҳои қаҷ шудани рӯй, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), ларзак, кузоз, (столбняк), сустӣ ва луқнати забон, дарди узвҳои даруни сина, дарди дандон ва буғумҳои бадан,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор