Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
дафъ мекунад, боҳро ба ҳаракат меоварад. Агар инро бихоянд, дарди дандонро таскин медиҳад, иштиҳои таомро мекушояд. Агар инро дар нон дохил намоянд, зарарҳои хӯрокро дафъ менамояд, барои барангехта шудани боҳи одамони сардмизоҷ ёрӣ мерасонад.
Вале ба дарун истеъмол кардани кокутӣ ба шуш зарар дорад, давои ин зиёнаш сирко хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи кокутӣ дар як рӯз то 22,5 грамм аст.
- Обсабз
Инро дар баъзе мавзеъҳо тоҷикон ҷома (чапон)-и қурбоқа ҳам меноманд, дар обҳо, одатан, пайдо мешавад. Беҳтаринаш он аст, ки дар обҳои ширин ба ҳам расида бошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: онро кӯфта, ба танҳоии ӯ бо орди ҷав якҷо карда гузошта банданд, хунравиро аз ҳар узве, ки бошад, манъ мекунад, сурхбодро дафъ менамояд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад; табҳои гарм, никрис (подагра) ва ҷурраи (даббаи) кӯдаконро шифо мебахшад. Агар инро дар равғани зайтун ҷӯшонида, гузошта банданд, асабҳоро башиддат мулоим мекунад.
Чун обсабзро дар равғани зайтун ҷӯшонида фурӯ баранд ва аз болояш оби гарм бинӯшанду қай кунанд, зулуки дар гулӯ часпидаро ихроҷ мекунад.
Обсабзи хушкро кӯфта бихӯранд, исҳоли сафровиро мебандад.
Он чӣ обсабзеро, ки монандӣ ришҳо бошад, 3,5 грамм аз он бо се-чор дона мурч ва камтар тамокуи хушк, ки ҳамаро бо оби чилим махин соида, ҳабҳо баста, субҳ ба дили наҳор фурӯ баранд, барои ҳамаи иллатҳои сипурз, ки аз хӯрдани алафҳои бисёр беморӣ ба он расида бошад, шифо мебахшад.
- Шумгиёҳ
Ин гиёҳест аз ҷинс ва монандӣ занбӯруғи ба замин фурӯрафта, ки навъҳои сурх ва сафед дорад. Гиёҳаш монандӣ барги печидаи ғӯлашакл. Ин дар байни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор