Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
бачадонро хуш мегардонад. Инчунин инро бибӯянд, моддаҳои дар майна бударо ба ҳаракат меоварад.
Хӯрдани ҷамилак ба шуш зарар дорад. Давои ин зарараш катиро хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз ҷамилаки хушк дар як рӯз 4,5 грамм аст. Агар ҷамилак ёфтан душвор гардад, ба ҷои ин райҳони гӯши мушро истеъмол намоянд, раво мебошад.
Аз ҷамилак равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Ҷамилаки тару тозаро кӯфта, фишурда, обашро дар зарфе рехта, аз болояш баробари вазни он равғани кунҷид дохил карда, бо оташи мулоим то тамоман бухор шудани об меҷӯшонанд. Аз ҷӯшидан, ки монд, равған тайёр мебошад. Ё он ки гулашро дар он равған пур кунанду ба офтоб гузоранд ва ҳангоме, ки ранг, бӯй ва қуввати гул ба равған гузарад, фишурда, гулро дур намоянду аз нав гули тару тоза андозанд. Ҳар ҳафта як бор то панҷ-шаш маротиба гулро нав бояд кард. Баъд равғанро соф гардонида, дар шишагӣ маҳкам нигоҳ доранд.
Агар ин равғанро ба сар бимоланд, гиреҳи майнаро мекушояд ва ин узвро қавӣ мегардонад. Ва агар дар бинӣ чаконанд, банд шудани сӯрохи биниро мекушояд. Агар инро бихӯранд, моддаҳои ғализи ҳамаи узвҳои баданро таҳлил медиҳад, узвҳои баданро қавӣ месозад, ба бадан бӯи хуш мебахшад.
- Шоҳитара
Ин исми тоҷикист ва маънояш султони гиёҳҳост. Ин растанӣ ду навъ аст: якеро баргаш монандӣ баргҳои кашниз реза ва андак хокистариранг. Гулаш бунафш ва реза; дигареро барг аз он васеътар, сабзранг ва гулаш сафед аст. Таъми ҳар ду навъаш ҳам талх бо каме тезӣ.
Мизоҷаш мураккабқувват, дар гармиву сардӣ мӯътадил ва дар дараҷаи дуввум хушк аст. Ба қавли баъзеҳо дар дараҷаи дуввум гарм аст. Вале Шайхурраис дар дараҷаи якум сард гуфтааст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бинӯшоманд, гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд; меъдаро қавӣ ва аз олсиш пок мегардонад, ҳар се ахлотро (балғам, савдо ва сафроро) бо исҳол дафъ мекунад, хусусан

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо