Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
- Ҷамилак
Ин гиёҳест кӯҳӣ, баргаш монанди барги кокулӣ мебошад, монанди райҳон бӯи хуш дорад — ин аз ҷинси райҳон ва кокулӣ мебошад. Бӯяш мобайни бӯйҳои наъноз ва пудинаи даштӣ буда, гӯё аз ҳар ду мураккаб гаштааст. Гулаш сафеди моил ба сурхӣ, тухмаш резатар аз тухми райҳон. Дар заминҳои офтобрӯяи кӯҳсор мерӯяд.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст. Вале баъзе табибон дар охири дараҷаи дуввум гарм ва дар аввали он дараҷа хушк низ гуфтаанд.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд фараҳ меоварад, гиреҳҳоро дар узвҳои бадан мекушояд; узвҳои даруни шикам ва даруни сина, инчунин рӯҳи ҳайвониро, ки марказаш дил аст ва рӯҳи нафсониро, ки мавқеаш майна аст, қувват мебахшад. Низ бар зидди заҳрҳо қуввати таръёкӣ ҳам дорад, бӯйҳои бадро аз бадан дафъ мекунад, пешоб ва ҳайзро равон месозад, кирмҳои шикамро хориҷ мегардонад, бачаи мурдаро аз шиками ҳомила меафтонад, ҳамаи бодҳои зарарнокро таҳлил медиҳад. Барои равон кардани пешоби бандшуда ва ҳайз онро дар об ҷӯшонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, кофист.
Агар кӯфтаи инро бо шароб фурӯ баранд, кай ва беҳузур (беҷо) шудани дилро таскин медиҳад. Агар инро бо сирко ва равғани гулисурх сиришта гузошта банданд, дарди сарро шифо мебахшад.
Кӯфтаи инро бо чой ё бо об фурӯ баранд ё гузошта банданд, барои бемориҳои балғамӣ, дарди узвҳои даруни сина ва меъда, варами ҷигар ва сипурз даво мешавад. Ва агар бо асал бихӯранд, газидани каждумро безарар мегардонад, бо сиканҷабин бинӯшанд, барои занбӯргазида даво мебошад.
Ин гиёҳро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, оруғ, чакмезак ва шапушҳоро дафъ мекунад; санги ҳичакро майда карда мерезонад, арақи бадбӯйро ислоҳ мекунад ва агар гузошта банданд, дарди рӯдаҳо ва дарди бачадонро ба ибро меоварад.
Ин растаниро бо сирко бинӯшоманд, хун қай кардаро сиҳат месозад. Тухмашро бардавом бихӯранд, беморӣ ва иллатҳои дар боло номбаршударо ба ибро меоварад. Ва тухми онро занҳо аз таг бардоранд, бӯн

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо