Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
дошта бошад, бихӯранд, албатта зарар мекунад. Бояд ҳар як шахс ғизоеро бихӯрад, ки мизоҷаш муқобили мизоҷи худ бошад, вагарна, яъне мизоҷи он одам гарм бошаду ғизои гарммизоҷро бихӯрад, ду мизоҷи якранг ба ҳам омада ва зиёд гашта, ноҷӯрии ҳолати баданро ба амал меоварад.
Давоҳои бисёре мавҷуданд, ки агар истеъмол карда шаванд, хунукӣ меоваранд, вале агар онҳоро кӯфта гузошта банданд, варамҳо таҳлил медиҳанд, дардҳоро сокин месозанд, масалан: кашниз ва орди ҷав (хусусан ҳар дуи инро бо ҳам даромехта гузошта банданд), хислатҳои мазкурӣ онҳо зиёдтар зоҳир мегарданд. Зеро ки ҷирми онҳо мураккаб аст аз ҷавҳари хокии обии башиддат сардкунанда ва аз ҷавҳари нозуки таҳлилдиҳанда, ки баъди ба даруни меъда ворид гаштан ҳарорати табиии бадан ба онҳо амал карда, қисми нозуки онҳо батаҳлил мебарад ва ҷавҳари хокии башиддат сардкунандааш боқӣ мемонад. Ин хислати таъсирнокии он нисбат ба натиҷаи таъсираш, ки ҳангоми аз берун гузошта бастан зоҳир мегардад, зид аст. Ҳамин тариқ, варамҳои сахти хунукро монандӣ ханозер (ҳукгардан) ва варамҳои гармро низ таҳлил медиҳад.
Таркиби баъзе аз давоҳо нисбатан мустаҳкамтар аст, масалан, шибит ва монанди он, ки аз шустан ва ҷӯшонидан қисмҳои нозуки онҳо аз ҷузъҳои сахташон ҷудо намегарданд ва таҳлил намеёбанд. Баъзе аз давоҳои дар худ ду ҷавҳари гуногундошта ва кайфияти қисмҳояшон ба якдигар зид мебошанд, ки таркибашон комилан мустаҳкам нест, вале дар баъзеи онҳо баръакс, ин хислатҳо зоҳир мебошанд ва махсусанд, монанди турунҷ, ки мизоҷи тухм ва пӯсти зарди он гарм аст ва таъми туршиву гӯшташ дар мизоҷ сард мебошанд. Пас, онро батамом бихӯранд, шарбати ғафсгаштан сардмизоҷи он дар бадан мизоҷи хунукӣ меоварад, вале пӯст ва тухми он таҳлил намеёбанд, бинобар ҳамин аз он ҳеҷ асаре зоҳир намегардад. Чун онро кӯфта бихӯранд, ба сатҳҳои узвҳои ботинӣ часпида, он ҷоҳоро захмин месозад. Бинобар ин кӯфтаи онро ба тариқи зимод бар варамҳо ва пучаку чиртакҳо гузошта мебанданд, ки онҳоро таҳлил медиҳад ва мепазонаду мекафонад.
Аммо давоҳои мураккаби сунъӣ монанди тарьёқи форуқ, масрудитус ва дигар маъҷунҳои баландмақом, гуворишют,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё