Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
мурғ, наск, турб ва каллакарам, ки дар вақти шустан ҷавҳари нозуки поккунандаи исҳолбахши онҳо парида мераванд ва иборат аз моддаи хокӣ ва сахти қабзкунанда дар вақти ҷӯшонидан ҷудо мегардаду ба об мегузарал, моддаи хокияи қабзиятовари онҳо боқӣ мемонад. Аз ин ҷо хулоса сар мезанад, ки хӯрдани шӯрбои онҳо дарунро мулоим мекунад бар хилофи ҷирми онҳо, ки дар бадан гиреҳҳо пайдо менамояд ва дарунро мебандад. Истеъмоли баъзеи онҳо аз хориҷ, низ монанди каллакарам, турб ва наск таҳлилдиҳанда ва пазонандаи варам ва пучакҳо мебошанд, хусусан пиёзи пухтаӣ ва сири (чесноки) хом чунин хислат доранд.
Боиси таъсири сир ва пиёзи хом дар хориҷи бадан, ки ҳангоми гузошта бастан захмин ва реш мегардонанд, рутубати сӯзандаи поккунандаи онҳо ба ҳамон ҷо таъсир мерасонад, яъне он ҷоро мехӯрад, бинобар ҳамин боиси пухта шудани варам ва захмин шудани пӯсти бадан мегардад. Аммо дар вақти хӯрдан ин хислатҳо аз онҳо зоҳир намешаванд. Зеро ки табиати парваришдиҳандаи бадан онҳоро дар як ҷо қарор намонда, балки доим дар ҳаракат мелораду сурати аслия ва тезни онҳоро мешиканад ва аз таъсир кардан манъ месозад. Ҳамин тариқ, онҳо ба узвҳои дарунии бадан таъсир карда наметавонанд, хусусан, ки пухтагӣ бошанд.
Дуюм он, ки дар аксар вақт сатҳи даруни меъда андуда аз балғамҳо ва рутубатҳо мебошад ва ин андудаҳо таъсири онҳоро монеъ мегарданд. Низ он чизҳои ба меъда воридшуда бо онҳо омезиш ёфта, инчунин ҳарорати баданӣ ба онҳо таъсир намуда, тезии онҳоро мешиканад. Вале агар одамони гарму хушкмизоҷ онҳоро бихӯранд, азбаски дар меъдаи онҳо балғаму рутубат нестанд, хусусан хоми он чизҳоро бихӯранд, бо тезии худ меъда ва рӯдаҳои ононро мехарошад ва захмин мекунад.
Ҳамчунин аст дар як ғизо ва давои гарммизоҷи
тезтаъм, ки дар ноҳияҳои обу ҳавояш сарди тар ва
одамони сарду тармизоҷ ва балғам дар бадани онҳо
зиёд бошад, бихӯранд, аз он ҷиҳат ба мизоҷҳошон онҳо
мувофиқ меояд. Вале дар сарзаминҳои гарм одамони
гарми хунмизоҷ ва сафровимизоҷ ғизоҳои сарду тармизоҷро тановул намоянд, албатта ба онҳо мефоранд
ва он одамон аз ин қабил хӯрокҳо нафъ меёбанд. Агар
мардум он ғизоҳоеро, ки мизоҷашон монандӣ мизоҷи
онҳо бошад ва обу ҳавои он маҳал ҳам ҳамон мизоҷро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё