Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Ба қавли баъзеҳо дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: решаи ҷокулаи сиёҳро дар об ҷӯшонида, он обро бихӯранд, қуввати таръёкӣ дорад; дил, сари меъда, ҳозима (меъда, ҷигар, рӯдаҳо, сипурз), бох ва ҳичакро қувват мебахшад; молихулиёи пардаи шикамӣ, хавф, тарсончакӣ ва ҳузнро, ки бо иштироки меъда бошанд, дафъ мекунад; гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд; агар кӯфта гузошта банданд, бод ва боднокшавиро пароканда мекунад ва таҳлил медиҳад; дардҳои ҷигар, буғумҳо, пушт, никрис (подагра) ва ирқуннасоро, ки ҳама аз сардӣ бошанд, таскин медиҳад; инчунин онро дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, бемориҳои тари хунукмизоҷро дафъ месозад; чакмезакро, ки аз ҷамъ шудани моддаҳои тармизоҷ бошад, ба ибро меоварад; дар ҳолати хоб ба ҷоғаҳ шошиданро ислоҳ мекунад, ҳайзи бандшударо мекушояд.
Ҷокулаи сиёҳро дар об ҷӯшонида, он обро бо шароб даромехта, ба ҷои матлуб кам-кам ва бардавом бирезанд, дарди нимсар, бемориҳои сарди тари майна ва варамҳои гуногуни онро дафъ мекунад.
3,5 грамм решаи хушкашро кӯфта, бо асал сиришта, лесида бихӯранд, барои сурфа, дамкӯтаҳӣ ва душвории нафас дору мешавад ва узвҳои даруни синаро аз балғам ва рутубатҳо пок мегардонад.
Агар инро дар об ҷӯшонида, он обро бо шароб бинӯшанд, захрҳои хунукмизоҷи ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад. Оберо, ки дар он решаи ҷокулаи сиёҳ ҷӯшонида шуда бошад, нимгарм дар гӯш ҷаконанд, ҷарангҳои гуногуни даруни онро дафъ мекунад. Ва агар инро сӯхта, дудашро бо воситаи найча дар даҳан бикашанд, кирми дандонро мерезонад; ва агар занҳо зери ноф ва миёни пойҳои худро ба дуди ин бидоранд, ҳайзи бастаро кушода мегардонад.
Инро дар шароб ҷӯшонида гузошта банданд, дарди нимсар, саръ (припадка) ва бемориҳои балғамиро шифо мебахшад, ирқуннасо ва дигар дардҳои аз сардӣ ба амаломадаро дур месозад.
Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро истеъмол намоянд, дар хислати давогӣ монандӣ он обест, ки решаи он ҷӯшонида шудааст.
Баргашро кӯфта гузошта банданд, мушакҳои дарида

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо