Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Решан ин растаниро кӯфта, бо асал сиришта бимоланд, барои газидани саги девона нафъ дорад.
Шилмаш дар хислат монандӣ усораи он аст. Агар онро чун сурма ба чашм кашанд, барои пуркувват гардонидани чашм ва рад кардани обӣ ба гавҳарак фуроянда ва инчунин агар он об дар он фуромада бошад, даво мешавад. Агар инро бихӯранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.
Вале истеъмоли арпаболиён ба дарун барои одамони гарммизоҷ зарар дорад — дар ин ҳолат барои ислоҳаш сиканҷабин бояд бихӯранд.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми он дар як рӯз аз 3,5 то 9 грамм аст; аз обе, ки решаи он ҷӯшонида шуда бошад, аз 9 то 14 грамм андохта биҷӯшонанд. Ба ҷои ин тухми карафсро метавон истеъмол намуд.
Бодёни саҳроиро шохҳояш ғафстар, вале решааш хурдтар назар ба решаи бӯстонӣ мебошад, бисёр хушбӯй, тухмаш низ калонтар ва сабзтар аст.
Мизоҷи ин дар дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ҳар як қисми инро бихӯранд, чакмезакро ислоҳ менамояд, бачадонро аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад, решҳоро аз чирку рим пок месозад, исҳоли кӯҳнаро мебандад; ҳайзи бандшударо мекушояд, яъне равон мекунад; сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, табҳои кӯҳна ва зардпарвинро шифо мебахшад.
Онро дар об ҷӯшонида, он обро бо шароб бинӯшанд, заҳри ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад. Агар инро кӯфта гузошта банданд, барои газидани саги девона фоида дорад.
- Чокула
Ин ду навъ аст: сиёҳ ва зард. Ранги гули навъи сиёҳи он бунафш аст, бинобар тирагии ранги гулаш чокулаи сиёҳ ё сиёҳандиз меноманд. Ранги гули навъи дуюмаш зард аст, бинобар ҳамин чокулаи зард ва зардандиз меноманд. Баргҳояш сербар ва хеле дароз. Ҳангоми нашъунамои ин растанӣ ба даруни ҷангалаш дароянд, гӯё чун дар беша бошад, нопадид мегарданд. Ин аз растаниҳои хӯрданист.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо