Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

тухмашро бо лаблабу ва тугмачагули даштӣ пеш аз кай кардан бихӯранд, балғамро аз дарун ҷудо намуда, барои дафъ кардан тайёр месозад. Инро бардавом бо лаблабу пухта бихӯранд, барои иллатҳои сар ва сиёҳ задани чашм, ки аз ҷамъ шудани балғам дар мағзи сар бошад, дармон мешавад.

Аз ҳардал обкома низ тайёр мекунанд, ки тунду тезмаза, хӯрданаш гудозанда ва башиддат поккунандаи балғам мегардад; меъда ва ҷигарро гарм мегардонад; агар ҳамеша инро батанҳои ҳам бишмоманд низ, меъда ва ҷигарро гарм мегардонад; бо ғизоҳои душворҳазм тановул намоянд, ҳамин тавр таъсир мебахшад — ин гуна зарарашро бо хӯрдани коснӣ, бодом ва сирко ислоҳ метавон кард. (Обкома — ин нонхӯришест, ки аз ҷӯғрот, тухми испанд, хамиртуруши хушк ва сирко тайёр карда мешавад, ва агар ба ин ҳардал ҳамроҳ намоянд, хислатҳои номбурдаро пайдо мекунад).

Муаллифи «Ихтиёроти бадеъ» гуфтааст, ки шукуфаи пӯсте, ки бо ҳеҷ даво илоҷпазир нагашта бошад, чун баъд аз ҳаммом кардани бемор ҳардалро соида, тайёр намуда, аввал шукуфаро бо матои дағал то хунолуд гаштанаш бимоланду баъд он ҳардалро ба он бимоланд, аз он зардоби бисёр равон мешавад ва сиҳат меёбад.

Ҳардалро дуд кунанд, аз он ҷо ҳашарот ва ҷонварони зарарнок мегурезанд. Ҳакими машҳур Розӣ гуфтааст, ки ҳардалро дар сӯрохи мор бирезанд, боиси ҳалокати он мегардад.

Вале ҳардал ба одамони гарммизоҷ зарар дорад, яъне ташна мекунад. Дар ин ҳолат коснӣ, равғани бодом ва сирко биёшоманд, зиёнаш ислоҳ меёбад.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз кӯфтаи ҳардал то 10,5 грамм аст. Дар истеъмоли ҳардал аз ҳама пеш бояд мизоҷҳо, намудҳои беморӣ, вақти мувофиқ, ки обу ҳаво ва мавқеи ҷуғрофии маҳалро риоя кунанд.

Агар ҳардалро дар оби ангур бияндозанд, ҷӯшидани онро манъ месозад, яъне май ва сирко гаштани онро монеъ мешавад.

Аз ҳардал равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Тухми ҳардалро ҳар қадар, ки хоҳанд, гирифта,
нимкӯфта, ба он каме оби гарм бипошанд ва бо қуввати тамом ба ҳар тариқ, ки хоҳанд, бифишоранду

пешина
аз 702
навбатӣ