Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

инро батанҳои бихоянд, балғамро бо воситаи даҳан ихроҷ мекунад.

Агар инро кӯфта бимоланд, дарди луккосии дандон ва дардҳои дигари онро, ки бе варам бошанд, ҳамон дам таскин медиҳад.

Кӯфтаи ҳардалро бо асал ё бо чарбӣ ё бо муми занбӯри асал дар оташ гудохта, бо равғани зайтун даромехта, ба чеҳра бимоланд, ранги рӯйро соф мегардонад ва агар инро ба чашм бимоланд, хуни хобрафтагии онро дафъ месозад.

Агар инро бо асал даромехта бихӯранд, дамкӯтаҳӣ ва сурфаи тарро шифо мебахшад, боҳро қавӣ мегардонад; агар бо пудина ва шароб даромехта бихӯранд, бӯғма (хафа) шудани бачадонро, ки гоҳ-гоҳ беҳушӣ меоварад, шифо мебахшад, кирмҳои меъдаро хориҷ месозад.

Инро нимкӯфта бо об бихӯранд, таби балғамӣ ва савдовиро сиҳат мебахшад ва ҷаранги гӯшро, ки сабабаш моддаи ғафси часпак бошад, ба ибро меоварад.

Агар инро бо анҷир якҷо кӯфта гузошта банданд, иллати никрисро (подаграро), иркуннасо (радикулит)-ро шифо мебахшад ва ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад; моддаҳои дохилиро ба рӯи пӯст мекашад, дарди аз боди сард баамаломадаро таскин медиҳад; варамҳои балғамии кӯҳнаро дар ҳар узве, ки бошад, мегардонад; бо сирко хамир карда гузошта банданд, кӯтури решгашта ва шукуфтан пӯстро, ки кӯҳна шуда бошад, шифо мебахшад; агар бо сиканҷабин ва гӯгирд ё бо сиканҷабину карами тоҷикӣ сиришта гузошта банданд, ханозерро бо як аҷобате таҳлил медиҳад. Инро бо барги гулихайрӣ якҷо кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахт ва савдовиро мегардонад; бо решаи хушки ҷадвор якҷо карда, гузошта банданд, песро нест мекунад; бо равған сиришта, ба закар бимоланд ё гузошта банданд, онро ба ҳаракат меоварад.

Агар 20 грамм тухми онро бо шароб ба дили наҳор бихӯранд, боҳро қувват мебахшад. Инро бо нон ё бо шароб даромехта бихӯранд, кирми меъдаро дафъ мекунад.

Ғиёҳ ва тухми онро бо таом бихӯранд, таомро ҳазм карда меъдаро гарм мегардонад, варами сипурзро таҳлил медиҳад.

Агар инро пухта ва ё барги тарашро бихӯранд ё

пешина
аз 702
навбатӣ