Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

барои харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо, захми гурда ва ҳичак дору мешавад, сӯзонидани давоҳои тунд ва гарммизоҷро дафъ мекунад, азият ва зарари заҳри занбӯрро нест месозад, инчунин ғундагазидаро шифо мебахшад. Агар тухми инро бо тухми себарга баробарвазн гирифта бихӯранд, дарди ҳичакро шифо мебахшад.

Тухми тугмачагулро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм хукна (клизма) кунанд, сӯзиши рӯдаҳо, бачадон ва мақъадро таскин медиҳад; ин обро бо асал даромехта хукна кунанд, дарди ҷигарро дафъ мекунад.

Тухмашро кӯфта, батанҳои ӯ бо ҷави кӯфтан бесабӯс даромехта гузошта банданд, барои варамҳои гарм, дард ва варамҳои сахти гарм даво мешавад.

Хоҳ барг ва хоҳ тухмашро кӯфта гузошта банданд, барои газидани занбӯр нафъи тамом дорад.

Тухмаш низ монандӣ гиёҳаш барои меъдаи заиф зарар дорад — дар ин мавриди оби меваҳоро ҷӯшонида биёшоманд, ислоҳи зарар хоҳад намуд.

Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз тухмаш аз 10,5 то 17,5 грамм аст. Агар тухми ин ба даст нарассад, ба ҷои ин тухми гулихайриро бихӯранд, раво мебошад.

Гули ин гиёҳро хоҳ хушк карда кӯфта бихӯранд, хоҳ дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд ва ё кӯфта гузошта банданд, захми гурда ва ҳичакро шифо мебахшад.

Агар шохҳояшро хоҳ ба дарун истеъмол намоянд, хоҳ кӯфта аз рӯ гузошта банданд, дарди рӯдаҳоро таскин медиҳад.

  1. Хардал

Инро ба русӣ горчица меноманд, ки ҳар як шахсе, ки замин дошта бошад, метавонад парвариш намояд. Барги ин гиёҳ монандӣ баргҳои турб, вале аз он майдататар, шахшӯл ва андак тундбӯй аст. Пояаш чорқирра, гулаш зард, тухмаш кулӯлан сурхи тундтаъм аст. Ин растанӣ навъҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ дорад. Дар тиб бӯстонӣ, яъне боғӣ он истеъмол мешавад, ки баъд аз кӯфтан зардоб мегардад.

Мизоҷаш дар дараҷаи чорум гарм ва хушк аст.

пешина
аз 702
навбатӣ