Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ҳамин тавр хоида, бо намак гузошта бардавом банданд, даҳони носурро ба ҳам оварда сиҳат мекунад; ба устухони шикаста гузошта банданд, онро ба ҳам мепайвандад. Барги ин гиёҳро кӯфта гузошта банданд, шикастагии узвҳоро шифо мебахшад, варамҳои гармро таҳлил медиҳад ва заҳри занбӯрҳои гуногунро аз бадан дафъ мекунад. Кӯфтани онро бо равғани зайтун ё равғани гулисурх сиришта гузошта банданд, сӯхтагии оташ, сурхбод ва каждумгазидаро шифо мебахшад. Агар хушки онро кӯфта, бо пешоб хамир карда гузошта банданд, решҳои сар ва сабӯсаки сарро дафъ мекунад.
150 грамм шохи онро пухта, бо шакар бихӯранд, сурфа ва гирифтагии овозро шифо мебахшад; овози дағалро, ки сабабаш хушкӣ ва гармӣ бошад, мулоим мегардонад; дарди сипурзро таскин медиҳад ва зардпарвинро сиҳат мебахшад, кӯтури пӯст ва захмҳои рӯдаҳоро сиҳат мекунад; исҳолро мебандад, захми хичак, чакмезакро нест месозад, гиреҳҳои баданро мекушояд.
Барг ва решаашро пухта гузошта банданд, заҳрнокшавии узвҳо, газидани ғунда ва дарди гурдаро шифо мебахшад.
Баргҳояшро дар об ҷӯшонида, дар он об занҳо то ноф даромада нишинанд, сахтии бачадонро таҳлил медиҳад; агар мақъади касе варам карда бошад, низ нишинанд, шифо медиҳад.
Барги тару тозаи онро соида, бо маскаи нави говӣ даромехта, бар бадан бимоланд, ҳеҷ ҷонвар ӯро намегазад.
Барги навбаромадаи онро бо гӯшти парандаҳо якҷо пухта бихӯранд, беҳтарин ғизо мешавад.
Вале истеъмоли ин ба дарун меъдаи заифи одамони сардмизоҷ ва тармизоҷонро суст мекунад. Агар ба гарммизоҷон зарар кунад, чизҳои турш бояд бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд, инчунин ҳалилаҷот истеъмол бояд кард.
Миқдори як бор нӯшидан аз оби гиёҳи тари он дар як рӯз то 175 грамм аст.
Мизоҷи тухмаш сард ва тар аст. Ин луобӣ, яъне оби ғафси бисёр дорад, ки часпанда ва лағжонанда мебошад. Агар инро бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, барои сурфаҳои гарм ва хушк дору мешавад, инчунин гирифтагии овозро мекушояд, назларо дафъ мекунад;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо