Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Агар нахӯди саҳроиро бихӯранд, дарунро пок мегардонад; гиреҳҳои ҷигар, сипурз ва гурдаро мекушояд.
Нахӯди даштиро кӯфта гузошта банданд, кӯтури решгаштаро пок мекунад, шукуфаи пӯстро шифо мебахшад, варамҳои хояҳо ва баногӯшро мулоим мегардонад; кӯфтаашро бо асал хамир карда гузошта банданд, барои ҷароҳат ва захми саратон нафъ дорад.
Нахӯди бӯстониро бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад, ҳарорати табиии баданро устувор медорад, барои шуш ва пушт мувофиқ ва неку аст, дар бадан хуни солим пайдо мекунад, ҳамчун ғизо пуркувват мебошад, баданро фарбеҳ месозад, иштиҳоро нигоҳ медорад. Ғизоияти ин барои шуш зиёда аз донҳои дигар аст. Агар инро бо шири навдӯшида бихӯранд, гирифтагии овозро, ки аз хушкӣ бошад ва агар таб намегирифта бошад, ислоҳ мекунад, вале агар гирифтагии овоз бо таб бошад, ба ҷои шир бо об бинӯшанд.
Чун нахӯдро як шаб дар сирко тар карда, пагоҳӣ ба дили наҳор бихӯранду ҳамон рӯз чизе дигар тановул накунанд, барои куштани кирми меъда давои бисёр хуб мешавад.
Нахӯдро дар об пухта, дар он об намак андохта бинӯшанд, моддаҳои часпакро титу пароканда менамояд ва бинобар шӯр будани таъмаш гиреҳҳои баданро мекушояд, бинобар гарм будани мизоҷаш пешобро меронад, инчунин барои дарди узвҳои даруни сина ва захми шуш фоида дорад.
Нахӯдро як шабонарӯз дар об тар карда баъд бихӯранд ва аз болояш ҳамон оби таридро бо андак асал тановул намоянд, барои он одамон, ки аз лаҳзавати ҷимоъ маҳрум гашта бошанд, он қуввати ононро барқарор мекунад. Агар нахӯдро дар мобайни таом бихӯранд, барои ҳазм шудани он ёрӣ медиҳад. Чун аз нахӯд ҳариса (ҳалим) тартиб дода, онро бо сирко бинӯшанд ва дар обе, ки нахӯд ҷӯшонида шуда бошад, то ноф даромада нишинанд, барои ислоҳи бемориҳои мақъад, пок намудани бачадон, ихроҷ кардани кирмҳои шикам, инчунин кирми рӯдаи рост беҳтарин давое мебошад.
Нахӯдро бирён карда, гармогарм бихӯранд, барои бавосири хунӣ давои аҷибест.
Нахӯди сабзи тозаро як шабонарӯз дар об тар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё