Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
карда, он обро бинӯшанд, варами милки дандонро дафъ мекунад ва дарди дандонро таскин медиҳад.
Мизоҷи равғани нахӯд дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст. Агар инро хоҳ биҳӯранд, хоҳ бимоланд, таъсираш то ҷоҳои дур ва чуқурии бадан мерасад.
Инро биҳӯранд, мӯйро мустаҳкам месозад, пушти камарро (боҳро) қувват мебахшад, дарди дандон ва милки онро таскин медиҳад; дардҳоеро, ки сабабашон сардӣ ё аз афзудани моддаҳои сард ба амал омада бошанд, инчунин иллати маҳавро шифо мебахшад; ранги рӯй ва овозро соф мегардонад. Ва агар инро бимоланд, боҳро қувват мебахшад, доғи кунҷидакро дафъ мекунад.
Тайёр кардани равғани нахӯд ин тавр аст. Нахӯдро нимкӯфта, дар даруни колба то гулӯгоҳаш пур мекунанд. Ба колба аз рӯ гили бӯта мемоланд. Як табаки фулуззиро мегиранду аз миёнаояш барои гардани колбаро даровардан сӯрох мекушоянд. Баъд даруни гулӯи колбаро лиф ҷо карда, сарозер ба сӯрохи табак ҷо карда, ба атроф ва болои колба ангишт гузошта, оташ медиҳанд. Табакро дар болои ду хишт мегузоранду ба зери даҳани колба зарферо мегузоранд. Аз тафси оташ аз нахӯди мазкур равған ҷудо шуда, аз лиф гузашта софшавон ба зарфи зерин мечакад.
Нахӯди сиёҳро пухта биҳӯранд, баҷаи занҳои ҳомиларо аз шикам меафтонад, сангӣ гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, моддаҳои нодаркори зарарнокро аз бадан хориҷ мекунад; ва инак, дар ҳама ҷиҳат аз нахӯди сафед пурзӯртар аст; барои иллати истиско ва зардпарвин, ки аз гиреҳҳои ба амаломада ҳодис шуда бошад, шифо мебахшад; гиреҳи ҷигарро мекушояд, бодҳои даруниро таҳлил медиҳад, барои иллати маҳав дору мешавад.
Ҳар як навъи нахӯдро кӯфта, бо об атолавор сиришта бимоланд, дарди сарро шифо мебахшад, зардӣи рухсораро мебарад; сабӯсаки сар ва ширинча, доғи кунҷидак, хориши аъзо, карахтии узвҳо ва бемориҳои бӯғумҳоро дафъ мекунад, мӯйро қувват медиҳад.
Хӯрдани нахӯд ба захми ҳичак зарар дорад — дар
ин ҳолат камтар кӯкнор биҳӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад; дар шикам бод пайдо мекунад ва шикамро дам
мемеояд — дар ин маврид зира, шибит, гулканд —
якро аз инҳо биҳӯранд, ислоҳи зарар менамояд. Инчунин ба одамҳои гармимизоҷ зиён мекунад — дар ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ