Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
- Омӯла
Ин самари дарахти ҳиндист, рангаш зард, ба бузургии олуча ва то ба андозаи чормағз мешавад. Таъмаш туршии тунд аст, яъне дар вақти хоидан мушакҳои сатҳи даруни даҳанро ба ҳам меоварад (бурма мекунад). Беҳтаринаш берешаи он аст. Дар аксар ҳол онро се бор якшабӣ дар шир тар карда ва ҳар бор хушк намуда, ба истеъмол медиҳанд, инчунин тарнокарда онро дар шир истеъмол мекунанд. Инро хушк карда ҳам истифода мебаранд.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва дар саввум хушк аст. Яъне ба одамони гарммизоҷ ва тармизоҷ мувофиқ мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, дарунро мебандад ва намегузорад, ки моддаҳои зарарнок аз ҷоҳои дигари бадан ба меъда ва рӯдаҳо рехта шаванд, инчунин хилтҳои (моддаҳои) фоидабахши баданро аз вайрону бадбӯ шудан нигоҳ медорад, моддаи савдоро аз бадан хориҷ мекунад ва инчунин моддаи савдоро аз омехта шудан бо моддаҳои ғайрисавдовӣ манъ месозад, бинобар ҳамин хислаташ табъро сара, зеҳиро тез мекунад, хушҳолӣ меоварад ва дилро қавӣ мегардонад. Инро одамони сардмизоҷ бо асал ё бо дорчинӣ, ё бо мустако истеъмол менамоянд, баъд ба роҳи онҳо ҳам фоида мебахшад, тарсончакиро зуд дафъ мекунад. Дар ин ҳолат қуввати боҳро меафзояд, иллати кайкуниро бозмедорад, ташнагиро таскин медиҳад, обравии даҳанро манъ мекунад, ҳар гуна рафтани хунро (аз ҷумла хуни бавосирро) мебандад; моддаҳои савдо ва балғами рақиқро (суюқро) бо исҳол дафъ менамоянд, меъда ва рӯдаҳоро қувват медиҳад, иштиҳо меоварад, рутубатҳои зарарнок ва сусткунандаи меъдаро барҳам медиҳад, ҳамли (пашмакҳои) даруни меъдаро мустаҳкам мегардонад. Агар ин самарро бо об бихӯранд, исҳоли кӯҳнаро банд ва ҳарорати хунро паст мегардонад, дил ва чашмро қувват мебахшад, асабҳоро мустаҳкам месозад ва қувватҳои ҳиссии майнаро меафзояд, инчунин барои молихулиё (меланхолия) нафъ дорад. Агар инро бо асал бихӯранд, иллатҳои фаромӯшихотирӣ, суст ва нотавон гаштани аъзо, фолиҷ, каҷ шудани рӯйро шифо мебахшад. Ва агар онро бо асал мураббо тайёр карда бихӯранд, низ ба бемориҳои номбурда даво мешавад. Ин меваро як шабонарӯз дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё