Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

мешавад, варамҳои мушакҳои ҳалкумро мегардонад ва таҳлил медиҳад.

Ин гиёҳро дар об ҷӯшонида, он обро дар офтоб ғафс гардонида, баъд гузошта бабанд, варамҳои гармро рад мекунад ва намегузорад, ки варам аз нав пайдо шавад, инчунин моддаҳои зарарнокро аз рех- тан ба узвҳо манъ мекунад. 9 грамм оби дар офтоб ғафсгардонидаи хори хасаки саҳроиро бихӯранд, заҳ- ри мори афьюро аз бадан дафъ мекунад.

Гиёҳи инро дар об ҷӯшонида, он обро ба ҷои лози- мӣ бипошанд, ҳамаи кайкҳоро бартараф мегардонад.

Нахӯдро дар оби ин гиёҳ се шабонарӯз тар карда бихӯранд, бағоят боҳро афзун мегардонад.

Миқдори як бор хӯрдан аз ин гиёҳ дар як рӯз то 17,5 грамм аст.

Вале истеъмоли ин ба дарун ба сар зарар меку- над. Дар ин мавриди бодоми ширин ва равғани кунҷид бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.

Хосиятҳои тухмаш дар ҳама ҷиҳат монанди оби дар офтоб қивомкардаи он аст.

Аз ин растанӣ равған ҳам тайёр мекунанд. Як миқдор оби онро дар зарфе андохта, аз болояш ду баробари он равғани кунҷид мерезанду бо оташи му- лоим меҷӯшонанд. Ҷӯшишаш басанда гардад, ин ало- мати тамоман бухор шуда рафтани оби он аст, яъне равған тайёр шудааст. Вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад.

Агар ин равғанро бихӯранд ё бимоланд ва бо он нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, боҳро қавӣ мегардо- над, дарди буғумҳоро таскин медиҳад, ранги рухсор- ро неку месозад, дарди гурда ва миёнро шифо мебах- шад, ба душворӣ шошиданро ислоҳ мекунад; ва агар инро дар сӯрохи закар биҷаконанд, инчунин ба зери ноф ва аз рӯ ба гурдаи санг доштагӣ бимоланд, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад.

Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз ин равған 32 грамм аст, ба ҳамин шарт, ки бо майи пухтагӣ ва асал ё бо қанди сафед мехӯранд.

Агар тухми онро то се мартаба дар шири навдӯшида биҷӯшонанд, баъд аз ҳар бор ҷӯшонидан хушк карда, баъд кӯфта бихӯранд, барои қавӣ кардани боҳ (пушти камар) давои бемисл аст.

пешина
аз 702
навбатӣ