Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

одамони гарммизоҷ бештар рӯй медиҳад, зеро ки ба гарммизоҷон зарар дорад. Бинобар ҳамин баъди онро хӯрдан бояд даҳонро хуб бишӯянд ва анори майхуш-ро бимаканд ва сиканҷабин (сиркоасал) бихӯранд, ин зарараш ислоҳ мешавад.

Агар таъми мағзи чормағз талх ва манфур гашта бошад, хӯрдани он ҷоиз нест, зеро вай дар он ҳолат ба захр табдил меёбад. Ва агар ин навъашро хӯрда бошанд, илоҷаш кай кардан ва чизҳои турш хӯрдан аст.

Мағзи чормағзи солимро бо асал мураббо карда бихӯранд, гурдаро фарбеҳ мекунад. Модоме ки гурда фарбеҳ гардад,— он қавӣ мешавад ва дар он санг пай-до намешавад ва инчунин қуввати мардӣ базарба ме-гардад. Хӯрдани мураббои он дарунро мулоим меку-нал ва кӯррӯдаро пуркувват месозад.

Мағзи чормағзро як шабонарӯз дар сирко тар карда, баъд бихӯранд, барои меъдаҳои заиф дармон мешавад.

Шилми хушки чормағзро ос карда бипошанд, захмҳои бадфиолро (злокачественные язвы) шифо ме-бахшад.

Усораи пӯсти сабзии беруни чормағзро, яъне оби пӯсти беруни чормағзро дар офтоб ғафс гардонида, баъд бо оби анор якҷо ҷӯшонида, ғафс гардонида бо-шанд, барои варами мушакҳои халқ давои аҷибест.

Пӯсти сабзи чормағзро дар об ҷӯшонида, бо он об даҳонро чайқонанд, варамҳои милки дандонро таҳлил медиҳад ва дандонро мустаҳкам мегардонад.

Пӯчоки хушки чормағзро махин кӯфта, ба чаро-хатҳо бипошанд, онҳоро хушк мекунад. Агар махин-кӯфтаи онро се рӯз пай дар ҳам бихӯранд, хунравиро манъ мекунад, инчунин чакмезакро, ки аз сустии му-шакҳои пешобгузар ба амал омада бошад, сиҳат ме-бахшад. Ин ордакро бо шароб хамир карда, занҳо аз таг бардоранд, хунравии бачадонро манъ мегардо-над.

Чун аз 13 то 25 грамм пӯсти решаи чормағзро дар як нӯшиданӣ об ҷӯшонида, он обро баъд аз пур гаштани меъда аз хӯрок, бар болояш бинӯшанд, кай месварад, бо ин восита аҳлоти часпаки бисёрро дафъ месозад ва дарди нимаи поёни баданро, хусусан дарди шикамро дармон мешавад.

Чун пӯсти беруни чормағзро дар ҳолати тару тозагиаш

пешина
аз 702
навбатӣ