Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Чун магзи чормағзро бо зираи сиёҳ махин соида, бо асал сиришта, ба сар ва бадани бемори фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), рӯяш каҷшуда, гирифторони дардҳои буғумҳои аз сардӣ баамаломада, табҳои хунуки балғамии кӯҳнадошта бимоланд ду дар ҳаммом ё дар офтоб ва дар хонаи гарме ба палоси гарме бо ҳамон тарафи мухолифи иллати фолич ва барҷомонда ва инчунин дигар беморӣ бошад, ба пушт бихобанду дар кӯрпаи серпахта худро бипечанду то хуб арак омадан сабр кунанд, баъд баданро бо матоъи хушк пок карда, аз зери он бароянд, бадани худро аз расидани ҳавои хунук эҳтиёт кунанд, оби сард нанӯшанд, дар як ё ду дафъа аз беморӣ наҷот меёбанд. Ва агар дар ҳаммом ин кор ба амал оварда шавад, луч шуда ба хонаи гармаш раванд ва давои мазкурро гарм карда, ба сар ва тамоми бадан бимоланд, дар иллатҳои фолич ва каҷ шудани рӯй ба тарафи мухолифи иллат бихобанду он миқдор сабр кунанд, ки хуб арак ояд, баъд бадани худро пок карда, обро мутлақан истеъмол нафармоянду бароянд ва аз ҳавои берун худро нигоҳ доранд, сиҳат меёбанд.

Тару тозаи онро кӯфта гузошта бабанданд, доғи аз зарба баамаломадаро нест мекунад; агар бимоланд, доғи кунҷидакро дафъ месозад ва кашида шудани мушаки рӯйро ба ислоҳ меоварад.

Мағзи чормағзро ҳангоми дили наҳор будан хоида бимоланд, шукуфаи пӯстро дар кӯдакон ва варами савдовиро, ки захм шуда бошад, шифо мебахшад. Мағзи кӯҳнашудаи онро ҳангоми дили наҳор будан хоида, ба оби равони муттасили чашм, ғонагараё (гангрена), ҷамра (карбункул), шукуфаи пӯсти кӯдакон, печиши асаб, чинтак шудани узв ва рагкашии похо, ки аз хушкӣ ва сардӣ сар зада бошад, инчунин ба гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш ва ба варами пистон бимоланд, ҳамаи онҳоро сиҳат мебахшад. Мағзи кӯҳнаи онро сӯхта, бо зифт (қатрон) сиришта бимоланд, решҳои сарро дафъ месозад.

Мағзи чормағз аз боиси нозукии таркиби худ ва рагҳоинокнаш зуд вайрон мешавад, яъне талх ва зарарнок мегардад.

Мағзи чормағзро бисёр бихӯранд, кирми кадудонаи (солитёр) шикамро ихроҷ мекунад ва ғадудҳои бодомшакли ҳалқумро варам мекунонад, дар даҳан ҷӯшишҳоро ба амал меоварад, хусусан ин ҳодисот дар

пешина
аз 702
навбатӣ